Маълумоти охирин

БОХТАРӢ Восиф

imagesБОХТАРӢ Восиф (таваллуд 1942, шаҳри Мазори Шариф), шоир ва адиби даризабони Афғонистон. Факултаи адабиёти Донишгоҳи Кобулро хатм кардааст (1967). Дар Донишгоҳи Колумбияи ИМА дар соҳаи таълиму тарбия такмили дониш намудааст. Корманди Вазорати маорифи Афғонистон (1967—81), сармуҳаррири маҷаллаи «Жвандун» («Зиндагӣ»; 1981-96). Баъдан муддате дар Пешовари Покистон зиндагӣ карда, аз он ҷо ба ИМА кӯчид. Маҷмӯаи нахустини ашъораш «…Ва офтоб намирад» (1983). Баъдан маҷмӯаҳои дигараш «Аз меъод то ҳаргиз», «Аз ин оинаи бишкастаи таъ­рих», «Дебоча дар фарҷом», «Дар истивои фасли шикастан», «Мӯяҳои Исфандёри гумшуда», «Дарвозаҳои бастаи тақвим» ва ғайра ба табъ расиданд.

Дар оғози роҳи эҷодӣ дар қолаби шеъри суннатӣ эҷод мекард. Баъдан сабки вижаи худро дар сурудани шеъри «нав»-и нимоӣ (Нимо Юшиҷ) пеш гирифт. Ашъораш ҷанбаи зеҳнию фалсафӣ доранд. Бохтарӣ оид ба эҷодиёти баъзе намояндагони адабиёти классикии форс-тоҷик Фирдавсӣ, Фахруддини Гургонӣ (достони «Вису Ромин»), Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) ва дигарон мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ нигоштааст. Дар матбуоти Тоҷикистон (масалан, маҷаллаи «Садои Шарқ», 1990, № 1) баъзе шеърҳояш чоп шудаанд.

Адабиёт: Хоҷамуродов О., Бохтарӣ. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷмлди 1.Душанбе, 1988.

О. Хоҷамуродов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …