Маълумоти охирин

БОХТАР

bactriaБОХТАР, Бактра, Бактрия (эломӣ Baik-tur/ris, Baak-ši-iš, Bāxδī, форсии бостон-Baktriš, юнони бостон Baktra, Бохтар Ваχλo-дурахшон, зебо ва равшан), номи кишвари паҳновар ва яке аз нахустин давлатҳои қадимии маҳаллии ориёиён. Бохтар дар ҷануби рӯдхонаи Панҷ ва шимоли Ому то кӯҳҳои Ҳиндукуш ва баъдан заминҳои ҳар ду тарафи рӯдҳои Панҷу Ому (болооби он)-ро фаро мегирифт. Дар замони Ҳахоманишиён Доро вилояти Марвро аз ҳайати сатрапияи Ҳирот ба сатрапияи Бохтар ҳамроҳ кард. Бохтар ба ақидаи муаррихон «ҳамъумри дунё» буда, муҳоҷирати ориёиҳо ба минтақаи Ҳинд ва Эрони Ғарбӣ аз ҳамин ҷо сурат гирифтааст. Номи Бохтар ба ақидаи Маркварт, шояд аз номи рӯди «Bactrus»-Балх бошад. Дар китоби чаҳоруми Ведаҳо-Атҳарваведа (асри 14 то милод) аз бохтариён бо номи Balhikabа ватани онҳо, дар китоби Маҳабҳарата (асри 12 то милод) бо номи Bhlika ёд шудааст. Дар фаргард (боб)-и якуми «Вандидод»-и Авесто Бохтар кишвари бонузҳати офаридаи Аҳура Маздо бо дирафшҳои афрошта зикр шудааст. Дирафшҳои афрошта бегумон ишораест ба шаҳрӣ низомӣ, тахтгоҳ ё мулки подшоҳнишине, ки дирафшаш ҳамеша дар ҳолати афрошта қарор дорад. Дар матни сурӯде, ки дар Маҳабҳарата ба номи ориёидухтар Ёмо – нахустин подшоҳи Бохтар омадааст, номи дирафши пари товус ва найзаи сесар бо аломати Офтоб, Моҳ ва дирафши рӯйи найзаҳо зикр шудааст. Ба ақидаи муаррихи юнонӣ Ктесий то давраи ҳуҷуми шоҳ ва маликаи Ошур – Нин ва Самирамис дар асри 9 ва ибтидои асри 8 то милод Бохтар пойтахт ва шаҳрҳои бисёре доштааст. Ин навиштаи Ктесий шаҳодати он аст, ки то давраи ташкилёбии давлати Ҳахоманишиҳо дар Бохтар шоҳигарӣ вуҷуд дошт. Аз ҷониби дигар ин андеша маълумоти «Шоҳнома»-ро дар бораи тахтгоҳи Кайгуштосп ва пойгоҳи зуҳури Зардушт будани Бохтар тақвият мебахшад. Ба ақидаи баъзе олимон давлати Каёниён (бо номи давлати Бохтар низ ёд меша­вад) дар ҳудуди Бохтар таъсис ёфта, маркази он шаҳри Заринасп (Балх) буд. Дар замони Каёниён Бохтар ба мамлакати бузург табдил ёфта, аз доираи аввалаи ҷуғрофиёии худ хеле берун меравад. Сарҳадду нуфузи Бохтар дар замони Каёниён дар ҷануби шарқ то Ҳинд ва дар шимол то дарёи Сир, дар шимоли ғарб то Баҳри Хазар мерасид. Бо зуҳури Зар­душт дар Бохтар фарҳанги ориёӣ бо ойини зардуштӣ даромехта, парастиши яккахудоӣ барои ташаккули давлати мутамарказ мусоидат намуд. Бохтариён аз замонҳои қадим бо кишварҳои Шарқи Наздик алоқаҳои тиҷоратӣ доштанд. Дар замони Ҳахоманишиён муносибатҳои Бохтар бо Ҳинд, Байнаннаҳрайн ва Миср густариш ёфт. Ба воситаи Бохтар роҳҳои тиҷоратӣ аз Осиёи Хурд то ба Ҳинд пайваст мешу­данд. Дар ин самт аз Бохтар ба миқдори зиёд лоҷварду тило содир мегардид ва ҳатто лоҷварди кабуди он то ба Мисру Чин ва Рум бурда мешуд. Ин аст, ки дар байни ашёи ороишии фиръавнҳои сулолаи 12-уми Миср маснуоте аз лоҷварди Бадахшон падид омадааст.

Бохтар дар арафаи ташкилёбии давлати Ҳахоманишиҳо дар байни давлатҳои Шарқи Қадим ҷойгоҳе бузург дошт. Аз рӯйи навиштаи Ҳеродот баъди тасарруфи Мод (550 то милод) ва Лидия (546 то милод) дар сари роҳи Куруш «Бобил, мар­думи Бохтар, сакҳо ва мисриҳо истода буданд». Ин навишта Бохтарро бо давлатҳои бузурги Шарқи Қадим дар як радиф мегузорад. Куруши Кабир маҳз муқовимати мардуми Бохтар ва сакоиҳоро эҳсос карда, ба муқобили онҳо шахсан худаш лашкар кашид. Ба қавли Ктесий, «ҷанги байни Ку­руш ва бохтариён ғолибро муайян накард». Танҳо баъди огоҳӣ ёфтан аз вазъи ҳарбию сиёсии давлати Ҳахоманишӣ, пешниҳоди шартҳои мусоид, инчунин қавми ҳамзабону ҳамхуни ориёитабор будани онҳо бохтариён ихтиёран (солҳои 545-39 то милод) ба давлати Куруш ҳамроҳ гардиданд. Баъди марги Куруш (соли 530 то милод) Бохтар ҳамчун як сатрапия ба ҳайати давлати Ҳахоманишиҳо дохил шуда, дар ҳаёти сиёсии ин давлат нақши асосӣ дошт. Аз ҷумла, сатрапи Бохтар Дадаршиш бо дастури Дорои I шӯриши мардумиро дар Марв (10 декабри 522 то милод) фурӯ нишонда, беш аз 55000 ошӯбгарро ба қатл расонд.

Бохтар дар феҳристи Ҳеродот 12-ум сатрапияи Ҳахоманишиҳо буда, соле ба хазинаи он 360 талант 10800 кг нуқра месупурд. Сатрапияҳои Порт, Хоразм, Суғд ва Ҳарайва дар якҷоягӣ 300 талант нуқра медоданд, ки аз маблағи ба танҳоӣ мепардохтаи Бохтар 60 талант камтар буд. Ҳахоманишиҳо низ ба корҳои идории Бохтар таваҷҷуҳ намуда, сатрапҳои онро аз наздикон ё аз намояндагони сулолаи ҳукмрон таъйин мекарданд. Бохтариён ва сакоиҳо дар лашкари умумидавлатии Ҳахоманишиҳо як ҷузви асосӣ буданд. Танҳо аскарони савораи Бохтар дар лашкари Ҳахоманишӣ 30 ҳазор нафарро ташкил дода, онҳо аз ҳама беҳтарин ба ҳисоб мерафтанд. Ҳеродот ҳангоми тасвири ҳуҷуми Хашоёршо ба Юнон қайд кардааст, ки ба бохтариёну са­коиҳо Гистасп (Гуштосп) писари Дорои I фармонфармоӣ мекард ва онҳо дар баробари дигар аслиҳа бо табарзини ҷангӣ низ мусаллаҳ будаанд. Муносибатҳои тиҷоратии Бохтар дар ғарб то Бобилу Миср ривоҷ дошт, ки ба он ҷониб лоҷварду ақиқ ва сангҳои дигари гаронбаҳо содир мекар­данд. Бар асоси навиштаҷоти Дорои I, дар сохтмонҳои бузурги давлати Ҳахоманишиён тилои Бохтар, лоҷварду ақиқи Суғд ва фирӯзаи Хоразм истифода шуда буданд. Шоҳроҳҳои ба маркази давлати Ҳахоманишиҳо пайвастшаванда на танҳо тиҷорат, балки алоқаи давлати (барид)-ро низ барои Бохтар хеле осон мекард. Дар масофаи 25-30 км роҳ як истгоҳи алоқа бо аспону ходимон мавҷуд буд, ки ин масофа баъдтар бо номи «як марҳала» ёд мешавад.

Бохтар дар замони истилои Юнону Мақдуниҳо.

Дар замони ҳукумати шоҳаншоҳи охирини ҳахоманишӣ Дорои III сатрапи Бохтар Бесс дар ҷанги назди Гавгамел (соли 331 то милод) ба лашкари муттаҳидаи бохтариёну ҳиндуҳо ва суғдиён алайҳи Искандар фармондеҳӣ мекард. Баъди аз майдони ҷанг фирор намудани Дорои III фар­мондеҳӣ ориёиҳо Сатибарзан, Бесс ва чанд сипаҳсолори дигар бо дастаи аскарони савораи Бохтар хамрохи Доро ба Ҳамадон омаданд. Баъди чор моҳи таваққуф дар Порс (Персепол) Искандар ба таъқиби Доро сар кард. Бо дасти Бесс кушта шудани Дорои III дар Хуросон ба Искандар баҳонае шуд барои ҳуҷум сӯйи Бохтар ва Суғд. Искандар аввал Гиркания (Гургон) ва Марвро ишғол карда, баъд ба Арея (Ҳирот) ҳуҷум кард ва зимистони соли 329 то милод ба Бохтар лашкар кашид. Баъди ҷангҳои сахт Бесс ба Суғд паноҳ бурд, вале асир афтода ба қатл расид. Бо вуҷуди ин 7 ҳазор савораи Бохтар бо роҳбарии Спитамен, Оксиарт ва Датаферни бохтарӣ бар зидди Искандар муборизаро идома медоданд. Умуман дар давоми се сол (329-327 то милод) мардуми Суғду Бохтар ба муқобили лашкари Юнону Мақдуниҳо се бор шӯриш бардоштанд. Искандар бо лашкари ҷангдидаву таҷрибадори худ дар давоми ду сол ҳазорҳо тан аз сокинони Суғду Бохтарро ба қатл расонд ва шаҳрҳою водиҳо қариб беодам монда буданд. Дар марҳалаи охири мубориза мардум ба кӯҳҳои дастнорас паноҳ бурда, бар зидди Искандар меҷангиданд. Мутаассифона, қувваҳо нобаробар буд, ки оқибат Искандар ғолиб омад.

Ҳангоми дар Суғду Бохтар будани Искандар дар ин ду кишвар 8 шаҳр сохта шуд, ки чандтои онҳо Искандария (Алек­сандрия) ном гирифтанд. Дар ин шаҳрҳои навбунёд Искандар сарбозони юнонию мақдунии маъюб, пир, касалманд ва касонеро, ки ба талаботи хидмати ҳарбӣ ҷавобгӯ набуданд, ҷой мекард. Баъди бо мардуми маҳаллӣ тарҳи дӯстӣ афқандани Искандар, онҳо аз фарханги юнониҳо баҳраманд мегаштанд ва баръакс баъзан расму ойини мар­думи таҳҷоиро мепазируфтанд.

Забони мардуми Бохтар ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ мансуб буда, муддати дароз дар байни мардуми Суғду Бохтар зистани юнониён боиси он гардид, ки теъдоде аз калимаҳои юнонӣ ба таркиби забони маҳаллӣ гузаштанд. Чунончи, имрӯз ҳангоми хайрухуш калимаи «хайр»-ро исти­фода мебаранд, ки он аз калимаи «хайре»-и юнонӣ гирифта шудааст. Калимаи дигари юнонӣ, ки дар забони тоҷикӣ серистеъмол аст, «пахта» мебошад. Вожаҳои зиёде аз қабили – Дакёнус – «Диогениус» – уқёнус – «океаниус», Афлотун – «Платон», қонун – «канон», собун – «сопун», гелос «кераус», пиёла – «пияла» ва ғайраҳоро ном бурдан мумкин аст, ки аз забони юнонӣ ба забони тоҷикӣ ворид шудаанд.

Ҳангоми набардҳои Ҳиндустон Искандар соли 325 то милод захмдор шуд ва дар байни сарбозон овозаи ҳалокшавиаш паҳл гардид. Чун ин овоза ба Бохтар расид, сарбозо­ни юноние, ки зуран дар наздикии Балх ҷойгузин шуда буданд, бо сардории Афинодор шӯриш бардоштанд ва кӯҳандизи Балхро ишғол намуданд. Шӯришгарони юно­нӣ талаб мекарданд, ки ба онҳо иҷозати якҷо ба ватан баргаштан дода шавад.

Баъди марги Искандар (323 то милод) дар байни саркардаҳои лашкари ӯ барои ҳокимият низоъ бархост. Рухшона, ки ҳомила буд, аз Искандар писаре овард, ки бо номи Искандари IV маъруф аст. Шӯрои маслиҳатӣ ба хулосае омад, ки Арридея бо лакаби Филиппи III ва Искандари IV пи­сари навзоди Искандару Рухшонаро шоҳ эълон карда, сарлашкар Пердикка то бузург шудани Искандари IV ҳомии ӯ бошад ва ба лашкари осиёӣ фармонфармоӣ кунад. Аммо Рухшона ва писараш Искандари хӯрдсолро Кассандр, ки Македонияро дар соли 316 то милод истило карда буд, ба ҳабс гирифта, дар Амфипол нигоҳ медошт. Баъдтар онҳо ба фармони Кассандр дар соли 309 то милод ба қатл расонида шуданд.

Пайдоиши Давлати Юнону Бохтар. Баъд аз марги Искандар дар муддати кӯтоҳ Бохтар низ ба итоати давлати Селевкиён даромад. Селевк соли 293 то милод писари худ Антиохро ба корҳои давлатдорӣ ҷалб намуда, қаламрави шарқӣ, аз Ҷумла Бохтарро низ дар ихтиёри ӯ қарор дода буд. Антиох гӯё расман ба ҳукмрон шудан дар миитақаҳои шарқии Бохтару Суғд ҳуқуқ дошт, зеро ӯ фарзанди никоҳии Селевку духтари Спитамен Апама буд. Аз давраи ҳукумати Селевку пи­сараш Антиох то замони мо сиккахое расидаанд, ки дар онҳо номҳои ҳардуяшон сабт шудаанд. Баъди вафоти Се­левк (280 то милод) Антиох ба ҷойи падараш нишаста, бештар ба корҳои муҳимми маркази давлаташ машғул мегашт, ки дар натиҷа Бохтар аз мадди назараш берун монд. Аз ин ҷост, ки чандин бор дар Бохтар ва Порт шӯришҳо сар заданд. Вале, умуман дар давраи ҳукумати Селевку Антиох вазъи иқтисодию иҷтимоии Бохтару Суғд баъди ғорату кушторҳои азими Искандар каме беҳтар гардида буд. Волии дастнишондаи Селевкнён дар Бохтар Диодот, ки расман гӯё ба онҳо итоат мекард, аз ҷангҳои тӯлонии Селевкиён дар Осиёи Хурд истифода бурда, вилояти Марвро ба Бохтар ҳамроҳ кард. Баъдтар Диодот (250 то милод) худро шоҳи давлати Юнону Бохтар эълон наму­да, то лаҳзаи марг (230 то милод) ҳукмронӣ кардааст. Аз сиккаҳои Диодот ду танга дар хазинаи сиккашиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз мебошанд.

Юнону бохтариҳо асосан дар шаҳрҳои ҳар ду ҷониби рӯди Панҷу Ому зиндагӣ мекарданд, ки муаррихон Бохтарро «кишвари ҳазоршаҳр» номидаанд. Баробари маъхазҳои мавҷудаи таърихии Юстин, Полибий, Страбон ва Пли­ний ҳоло яке аз манбаъҳои асосӣ барои омӯхтани таъри­хи давлати Юнону Бохтар сиккаҳои подшоҳони давлати мазкур мебошанд. Дар илм тақрибан 40 намуди сиккаҳои подшоҳони Давлати Юнону Бохтар маълум мебошанд, ки аз рӯйи онҳо ному замони ҳукмронии ин ё он подшоҳи кишвар муайян карда мешавад. Ба ҳукумати Диодоти I ва Диодоти II дар Бохтар (солҳои 235-230) Эвтидем хотима гузошт. Ӯ тамоми хонадони Диодоти I ва Диодоти II-ро маҳв кард. Антиохи III соли 208 то милод ба давлати Юнону Бохтар ҳуҷум овард ва дар наздикиҳои Ҳарирӯд байни лашкари Антиох ва савораҳои 10-ҳазораи Бохтар ҷанг рух дод. Саворони бохтарӣ қариб бар душман ғалаба мекар­данд, вале Антиох қувваҳои эҳтиётиро ба ҷанг дароварда, бо ҳамин пирӯзии лашкари худро таъмин намуд. Эв­тидем бо савораҳои зиндамонда дар паси деворҳои мустаҳками шаҳри Зариасп (Балх) паноҳ бурд. Муҳосираи зиёда аз яксолаи Антиох натиҷа надод ва гуфтушунидҳо бо бастани сулҳ анҷом ёфтанд.

Баъди марги Эвтидем (тақрибан соли 200 то милод) яке аз писарони ӯ бо номи Деметрий дар Бохтар ба сари қудрат омада, бо лашкари анбӯҳ сӯйи Ҳиндустон ҳуҷум овард ва минтақаҳои зиёдеро ишғол намуд. Аз ин ҷост, ки муаррих Юс­тин Деметрийро «подшоҳи Ҳиндуҳо» ном бурдааст. Тақрибан соли 171 то милод,  ҳангоми дар Ҳиндустон будани Деметрий, сардори гарнизони Бохтар Эвкратид исён бардошта, худро подшоҳи Бохтар эълон кард. Ҳамзамон бо ӯ дар Порт Меҳрдоди I ба сари қудрат омад. Сиккаҳои Эвкратид аз наздикии шаҳри Китоби вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон, ноҳияҳои Кӯлобу Темурмалик ва Панҷи вилояти Хатлон ёфт гардидаанд. Эвкратид ҳангоми зиндагияш дар Бохтар шаҳре бо номи Эвкратидия сохта буд, вале мавзеи ҷойгиршавии он маъ­лум нест. Давлати азиму пурқуввати Юнону Бохтар дар миёнаҳои асри 2 то милод баъди марги Эвкратид ба қисмҳо тақсим шуд. Меҳрдоди I ду ноҳияи Бохтарро истило намуд. Дар аҳди Менандр ва ворисони ӯ якчанд шоҳигариҳои хурди Юнону Бохтар пайдо шуданд, ки моҳиятан онҳоро шоҳигарии юнониву ҳиндӣ номидан афзалтар менамояд.

Шаҳрҳои давлати Юнону Бохтар дар Бохтар. Муаррихон, Бохтарро ҳамчун «кишвари дорои ҳазор шаҳр» ном бурдаанд. Бактра ё номи дигараш Зариаспа шаҳри машҳури таърихии Балх дар Афғонистони имрӯзӣ мебошад, ки ҳамагӣ дар масофаи 28 километр аз шаҳри Мазори Шариф ҷойгир аст. Ҳафриёти бостоншиносӣ дар Балх деворҳои мудофиавии куҳандизи қадимии шаҳрро, ки 31 километр паҳноӣ ва Болоҳисор ном дорад, ошкор сохт. Маҳз мустаҳкамии девори куҳандиз буд, ки Антиохи III дар давоми як соли му­ҳосираи Балх ба чизе ноил нашуд ва маҷбур шуд, ки бо сокинони қалъа сулҳ бандад. Шаҳри Аорн шояд номи бохтарие доштааст, аммо юнониён ба он номгузории нав кардаанд. Юнониён, одатан, шаҳрҳоеро, ки қалъаи мустаҳкам дошта, дар баландиҳо воқеъ бошанд, Аорн мегуфтанд. Аз рӯйи навиштаҳои Арриан маълум мегардад, ки Аорн ва Бактра шаҳрҳои калонтарини Бохтар будаанд. Бостоншинос 3. А. Ҳақимов дар фосилаи 35 километр аз Балх харобаҳои шаҳри замони Юнону Бохтариро бо номи Алтин Дилёртеппа ошкор намуд, ки қалъаи мудаввари мустаҳкаме доштааст. Қутри (давродаври) ин шаҳр 800 метр ва ма­соҳати куҳандизи он 3 гектарро ташкил мекунад. Ба ақидаи бостоншинос Э. В. Ртвеладзе харобаҳои қалъаи мазкур боқимондаҳои ҳамон шаҳри Аорн мебошанд.

Ҳанӯз дар соли 1923 Бурҳонуддини Кушкакӣ дар ки­тоби «Роҳнамои Қатағану Бадахшон» оид ба харобаҳои Ойхонум, ки дар резишгоҳи рӯди Кӯкча ба рӯди Панҷ ҷой дошт, маълумот дода буд. Баъдтар ин харобаҳо аз тарафи ҳайати бостоншиносони фаронсавӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, маълум шуд, ки он боқимондаҳои шаҳри юнону бохтарӣ буда, ба асрҳои 2-3 то милод мансубанд. Би­нои аз ҳама бузурги шаҳри Ойхонум «қасри шоҳ» будааст, ки 137 х 108 метр масоҳат дошта, дар як тарафи он ба усули биносозии коринфӣ 118 сугун устувор буд. Профессор П. Бернар, ки то соли 1978 ба ҳафриёти бостоншиносӣ дар Ойхонум роҳбарӣ мекард, ҳанӯз замони дар Бохтар будани Искандар сохта шудани шаҳрро ҷонибдорӣ мекард. Ҳудуди шаҳр қад-қади рӯди Кӯкча ба 1,5 километр ва қад-қади рӯди Панҷ ба 2 километр тӯл мекашид. Тарзи сохтмони биноҳо, услу­би меъморӣ, театру фаввораҳо, сарҳавзу муҷассамаҳо, қабристони юнонӣ, сангнавиштаҳои юнонии болои қабрҳо ва сиккаҳои ёфтшуда аз он дарак медиҳанд, ки ин шаҳр марказӣ юнониҳо дар минтақа будааст. Шаҳрҳову касабаҳои ҷониби чапи рӯди Панҷ аз қабили Шаҳравон, Дашти Арчӣ, Имомсоҳиб (Арҳанг) ҳама тобеи шаҳри Ойхо­нум будаанд. Зеро аз манотиқи мазкур ашёе ёфт шуданд, ки ба чизҳои аз Ойхонум бадастомада монанд ва ҳамъаср мебошанд.

Тақрибан дар рӯ ба рӯи шаҳри Ойхонум дар соҳили рости рӯ­ди Панҷ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон харобаҳои шаҳри дигари давраи Юнону Бохтар Саксанохур ошкор карда шуд. Харобаҳои ин шаҳр аз маркази ноҳияи Фархор ба сӯйи шимол дар фосилаи 7 километр воқеъ гаштаанд. Дар Куҳандизи шаҳр қасри ҳоким пайдо шуд, ки андозаи он 27,7 х 27,7 метр буда, бостоншиносон сохтмони онро ба асри 2 то милод нисбат додаанд. Сутунҳою зерсутунҳо, тахтасангу бошаҳои аз Саксанохур ёфтшуда, ба усули сохтмону меъмории харобаҳои Ойхонум шабоҳат доранд. Шаҳри дигар дар соҳили рости рӯди Панҷ бо номи харо­баҳои Тахти Сангин маъруф аст, ки дар мавзеи пайвастани рӯди Вахш ба Панҷ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон воқеъ гаштааст. Шаҳр аз куҳандизи ниҳоят мустаҳкам, ки масоҳаташ 165 х 235 метр мебошад ва ҷузвҳое, ки аз шимолу ҷануб ба куҳандиз часпида ҳар кадом 500-метрӣ масофа доранд, иборат мебошад. Боз шаҳрҳои дигаре низ мавҷуд будаанд, ки баъзеро ном ва баъзеро макон маълум нест.

Шикасти давлати Юнону Бохтар аз ҷониби юэчжиҳо ва тахориён. Вазъи сиёсии давлати Юнону Бохтар дар охирҳои асри 3 ва ибтидои асри 2 то милод чандон устувор набуд. Аз як тараф ашхос ва гурӯҳҳои алоҳида ба­рои ба даст овардани қудрат доим дар талош бошанд, аз ҷониби дигар ҷангҳо бо Селевкиён ва Портҳо, инчунин истилои кишвари азими Ҳиндустон сарфи сарват ва қувваи зиёдеро талаб мекарданд. Ҷангҳои мазкур давлати Юнону Бохтарро чунон заиф гардонда буданд, ки он дар муқобили ҳуҷуми қабилаҳои кӯчӣ истодагарӣ карда натавонист. Страбон дар бораи қабилаҳои кӯчӣ чунин навиштааст: «Аксари скифҳоро аз Баҳри Каспий сар карда «дай» меноманд. Қабилаҳоеро, ки дар шарқтари онҳо ба сар мебаранд, «массагет» ва «сак» ном мебаранд, аммо дар асл ҳар яке аз он қабилаҳо номи хосси худро доранд. Аз ин қабилаҳои кӯчӣ ҳамон қабилаҳое (дар таърих) машҳур шуданд, ки Бохтарро аз дасти юнониҳо кашида гирифтанд. Инҳо асийҳо, пасианаҳо, тахорҳо ва сакаравлҳо буданд, ки аз минтақаи соҳили дигари (рости) Яксарт (рӯди Сир) воқеъ дар ҳамсоягии заминҳои сакҳою Суғдиён, ки он заминҳоро сакҳо ишғол мекарданд, кӯчида омада буданд».

Дар хусуси ин қабоил хулосаи манобеи чинӣ чунин аст: мардумоне бо номи юэчжи дар вилояти Гансу дар ҳамсоягии хунҳо зиндагӣ ба сар мебурданд. Дар байни ин ду ҳамсоя зиддиятҳо пайдо шуда, дар солҳои 176 ва 174 то милод миёни онҳо ҷангҳои сахт рӯй доданд. Дар ҷанги охирин юэчжиҳо шикаст хӯрда, аз маҳалли зисти худ кӯчида, ба ғарб ба сӯйи Осиёи Марказӣ равон шуданд. Ин ҳаракати юэчжиҳо ба он оварда расонд, ки ҳамнажоди дигарашон сакоиҳо ба ҳаракат даромада, сӯйи Кошғару Гилгит, Помиру Ҳирот, Сиистон ва Свату минтақаҳои шимоли ғарбии Ҳиндустон бираванд. Номи ин мардумон дар баъзе топонимҳои минтақаҳои мазкур боқӣ мондааст (чунончи, номи Ишкошим, ки дар ибтидо Сакошим, но­ми Шуғнон, ки дар аввал Сакнон, инчунин номи Сиис­тон, ки дар оғоз Сакистон будааст). Сакоиҳо дар маъхазҳои хитойӣ ҳамчун «сэ» омада, раванди муқимнишин шудани онҳо дар минтақаҳои номбурда тақрибан аз як садсола зиёдтар идома ёфтааст. Юэчжиҳо дар ҳавзаҳои Илию Иссиқкӯл ва Туркистони Шарқӣ ба ҳуҷуми усунҳо дучор шуда, ба ғарб ҳаракат кардаанд, яъне онҳо аз рӯди Сир гузашта, кишвари Суғд ва шимоли Бохтарро то рӯди Ому ишғол намуданд. Ин раванд, асосан, тайи солҳои 172 – 129 сурат гирифта буд. Дар маъхазҳои хитойӣ маълумоти дақиқе боқӣ мондааст, ки тибқи он сафири чинӣ Чжан-Сян соли 128 то милод ба Осиёи Марказӣ омада, бо сардорони юэчжиҳо вохӯрд ва аз ӯ хост, ки якҷо бо чиниҳо алайҳи хунҳо мубориза баранд, аммо юэчжиҳо ин дархостро қабул надоштанд. Чжан-Сян қайд кардааст, ки дар он таърих Даҳя, яъне Бохтар дар тасарруфи юэчжиҳо қарор дошт, аммо лашкаргоҳи сарвари онҳо ҳанӯз дар шимоли рӯди Ому воқеъ буд. Баъдтар юэчжиҳо ба соҳили чапи рӯд гу­зашта, ба ҳукмронии юнониҳо дар ин сарзамин хотима бахшиданд. Ин ҳодиса тахминан охирҳои асри 2 нимаи аввали асри 1 то милод рух дода буд. Маъхазҳои мазкури хитойӣ дарак медиҳанд, ки баъди сипарӣ шудани зиёда аз сад сол, яке аз сардорони панҷ қабилаи ҳукмрони юэч­жи чор қабилаи боқимондаро ба худ тобеъ гардонида, ба сулолаи подшоҳони кушонӣ дар сарзамини Бохтар асос гузошт. Гумон меравад, ки калимаи «кушон» низ номи яке аз хонадонҳои пурзури ин қабилаҳои юэчжӣ буд. Дар байни ин чаҳор қабила: асийҳо, пасиана (асиана)-ҳо, та­хорҳо ва сакараул (сараук)-ҳо ду қабила асийҳо ва та­хорҳо нисбат ба дигарон нақши муассиртаре доштанд. Чунончи, Помпей Трог гуфтааст: «Асийҳо подшоҳони тахорҳо ва марги сараукҳо мебошанд». Аз ин ибора бармеояд, ки асийҳою тахорҳо як қабила буда, маҳз ҳамин тахориҳо дар таърихи Бохтар нақши ҳалкунанда доштаанд. Маъхазҳои дигар низ аз ин мардуми тахорӣ бештар ёд кар­даанд. Чунончи, тахориҳо дар чандин ҷойи эпоси Ҳиндуҳои қадим «Маҳаб ҳарата» ёд шудаанд.

Тахориён мардумони сершумор буда, ҳанӯз дар асри 4 то милод дар наздикиҳои Ҳиндукуш ва дар заминҳои Туркис­тони Шарқӣ зиндагӣ ба сар мебурдаанд. Онҳо баъди ба Суғду Бохтар омаданашон дар ин сарзаминҳои васеъ сокин шуда, бо ҳамсояашон Порт ба ҷанг пардохтанд. Тахориён дар ҳайати қабилаҳои юэчжи аксариятро ташкил медодаанд. Онҳо дар давраи аввали ба Осиёи Марказӣ омадана­шон дар заминҳои соҳили рости рӯдхонаҳои Панҷу Ому (яъне ҷануби Тоҷикистон, хусусан Хатлонзамин, Ҳисору Шаҳринаву Регар ва вилоятҳои Сурхондарёву Тирмизи Ӯзбекистон) сокин гаштанд. Аз ҳамин сабаб сарзаминҳои мазкури Бохтар ба хотири ин мардуми сершумори навомад номи умумии Тухоро ва баъдтар Тахористонро гирифтанд, ки ҳатто баъзан то имрӯз дар худ номи ин мардумро нигоҳ доштаанд (Чунончи, дар 10-километрии шимоли шарқи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон деҳае бо номи Тихоро воқеъ аст, ки сокинони онҳо ҳамагӣ тоҷиканд).

Ба сари қудрат омадани Кушониҳо дар Суғду Бохтар. Баъди кӯчидан ба Дахя юэчжиҳо аз рӯйи шумораи қабилаҳо ё аз рӯйи таъйиноти дигар кишварро ба панҷ вилоят тақсим карда буданд, ки ҳар яке аз он вилоятҳо сар­дорони худро дошт. Дар таърихномаи сулолаи хурди Ха­ни хитойӣ омадааст, ки баъди гузаштани зиёда аз сад сол «ҳокими Гуйшуан Киосзюкю он чор ҳокими вилоятҳои боқимондаро тобеъ гардонида, худро подшоҳи кушонӣ эълон кард».

Омӯзиши навиштаҷоти сиккаҳои ёфтшуда ба олимон имкон дод, ки шакли дурусти номи ин подшоҳро ҳамчун Куҷула Кадфиз муайян намоянд. Дар ин сиккаҳо навиш­таҷоти зерин сабт ёфтааст, ки онро Каннингҳем А. чунин хонда буд: «Куҷула Кадфиз, ябғуи кушон, устувор дар дин». Мисоли табодули забониро мо дар лақаби Кадфиз «ябғу» дида метавонем. Калимаи «ябғу» решаи эронӣ дорад ва маънояш «роҳбар» ва «сардор» мебошад. Ин калима ба забони туркӣ дохил гардида, баъдтар дар асрҳои миёна туркон аз он ҳамчун лақаби ҳокимон истифода мебурданд.

Куҷула Кадфиз заминҳои кишварҳои ҳамсояи худро истило намуда, сӯйи Ҳинд пеш мерафт. Аз ҷумлаи шоҳони кушонӣ ду нафар – Канишка ва Хувишка хеле маъруфу машҳур будаанд. Канишка дар давраи ҳукумати 23-солаи худ ба истилои вилоятҳои ҳиндӣ идома дода, сарҳаддоти кишвари худро дар шарқ то ба Варанаси (Банорас) расонд. Вилоятҳои Панҷобу Кашмир ва Синду Уттар-Прадешро ба кишвари Кушониён дохил карда, шаҳри Пуршавур (Пишовурро) яке аз марказҳои давлати худ қарор дод. Дар шимоли Ҳинд Канишка то нуқтаи охирини сарҳаддии он кишвар пеш рафта, дар мавзеи Пайпраҳва ибодатгоҳе сохт. Бостоншиносони ҳиндӣ дар соли 1975 дар мавзеи Пайпраҳва катибае бо хатти браҳмӣ дар гили пухтаи мудаввар ёфтанд, ки дар он Канишка худро «Дева путра» (писари Худо) номидааст. Он навишта чунин аст: «Ин парастишгоҳро Канишка бо хоҳиши роҳибон дар Капилавасту (зодгоҳи Буддо) бисохт».

Ҳувишка зиёда аз сӣ сол ҳукмронӣ кард. Дар давраи подшоҳии ин ду подшоҳ давлати Кушониён ба авҷи олии тараққиёти худ расид. Вале, мутаассифона, то имрӯз бо вуҷуди дастрас будани сиккаҳои зиёди шоҳони кушонӣ, катибаҳо, маълумотҳои сарчашмаҳои хитойиву ҳиндӣ тартиби замони (хронологӣ)-и ҳукмронии шоҳони мазкур чандон дақиқ нест. Душворӣ дар он аст, ки таърихи дар сикка­ҳои кушонӣ омада ба ягон солшумории ба илм маълум мувофиқат намекунад. То имрӯз дахҳо назарияву фарзияи олимон дар ин бора чоп гардидаанд, вале онҳо дақиқан пазируфта нашудаанд. Пас аз ёфт шудани катибаи Работак дар Афғонистон (1994) масъалаи мазкур боз ҳам пурмуаммотар шуд.

Дини буддоӣ дар аҳди Кушониён ва сиёсати динии Канишка. Канишка дар сафаҳоти таърих ҳамчун як шахсияти бузург шинохта шуда, дар матнҳои қадимии буд­доӣ ҳамчун як фарди бузурги афсонавӣ ҷилвагар мегар­дад. Ӯ дар шаҳрҳои Пишовур ва Матҳура пойтахтҳои худро дошт. Аз Матҳура муҷассамае ёфт шудааст, ки тибқи матни катиба он ҳайкали Канишка мебошад. Маълумоти Берунӣ ба он далолат мекунад, ки Канишка дар Пишовур маъбади буддоии Каникчайтяро сохтааст. Ин маълумот Канишкаро чун як подшоҳи мутаассиби буддоӣ ҷилвагар месозад. Вале дар асл аз рӯйи тангаҳои Канишка, ки то ба замони мо расидаанд, маълум мегардад, ки дар онҳо аксҳои худоҳое, ки мардумони гуногуни ин кишвар ибодат мекарданд, тасвир ёфта буд. Бо ин амали худ Каниш­ка ба мардумони империяи паҳновараш фаҳмонданӣ ме­шуд, ки эътиқодоти ҳамаи онҳо аз ҷониби ӯ мавриди эҳтиром қарор дорад ва дар кишвари ӯ ҳар кас ба кадом дине бигаравад, озод аст.

Канишка пайрави ойини буддоӣ буд ё ойини дигаре, дақиқ маълум нест, вале ба ин суол ҳафриёти бостоншиносие, ки аз соли 1952 сар карда дар мавзеи Сурхкӯтали ноҳияи Бағлони Афғонистон бостоншиносони фаронсавӣ таҳти роҳбарии Д. Шлюмберже анҷом дод, то ҳадде ҷавоб медиҳад. Д. Шлюмберже, ки тақрибан як даҳсола маҷмааи маъбади бузурги Сурхкӯталро ҳафр кард, ба хулосае омад, ки ин маҷмаа на маъбади буддоӣ аст, на оташпарастӣ, балки худовандгори ин маъбад, ба ақидаи ӯ, худи Канишка мебошад. Сурхкӯтал маъбадест барои парастиши мақоми шоҳии подшоҳони бузурги кушонӣ.

Д. Шлюмберже ҳамин ақоиди худро боз ҳам бештар тақвият дода менависад: «Ин бино (маъбади Сурхкӯтал) дар қарни дуввуми (севвуми) милод ба ҳукму фармони импе­ратор Канишка обод гардидааст… Интизор доштем ин бинои муқаддас (маъбади Сурхкӯтал), ки ба фармони Ка­нишка обод шуда буд, марбут ба ойини буддоӣ бошад, ё ақаллан буддоият дар он мақоме дошта бошад. Дар ин бинои Канишка, ки дар тӯли дувоздаҳ сол дар он ковиш намудем, ҳеҷ асаре аз буддизм пайдо нашуд. Муҷассамаҳое пайдо кардем, ки аслан буддоӣ набуданд. Навиштаҳое кашф кардем, ки ҳарфе аз буддоият дар он нарафта буд. Нақшу тарҳи ин бинои муқаддас аз биноҳои буддо­ии маъмула комилан фарқ мекунад».

Маҳз ҳамин бисёрхудоӣ ва эътиқодоти мухталифи бохтариёнро ба назар гирифта Б. Я. Ставиский дар асари ба таъриху маданияти кушониёни Бохтар бахшидаи худ ба хулосае омадааст, ки тасаввуроти динии мардуми Бохтари замони Кушониён як кошикориест «иборат аз ибодатҳо ва мазҳабҳои сершумори маҳаллию хориҷӣ» ва дар байни онҳо ӯ ба таври махсус дини буддоиро ҷудо кардааст.

Дини буддоӣ ба Бохтар баъд аз он ки кушониён Ҳиндро истило намуданд, роҳ ёфтааст. Вале, тавре ки ёфтаҳои бостоншиносӣ нишон медиҳанд, дини буддоӣ дар Бохтар хеле дертар дар шуури мардум ҷой гирифтааст. Бо вуҷуди то андозае паҳн шудани дини буддоӣ дар кишвар ва аз тара­фи як гурӯҳ ашрофи маҳаллӣ пазируфта шудани он, кофтуковҳои бостоншиносӣ дар қабристонҳои Теппаи Шоҳ, Тахти Сангин ва ҷойҳои дигар шаҳодат медиҳанд, ки аксарияти мардуми маҳаллӣ дар парастиши дини зардуштии худ устувор монда будаанд.

Масоили забони бохтарӣ. Давраи ҳукумати Канишка давраи ташаккул ва паҳншавии забони бохтарӣ ва ба ибораи Абдулҳай Ҳабибӣ «модари забони дарӣ» буд. Азбаски Хатлон дар ҳамсоягии Бағлон қарор дошт, гумон меравад, ки дар Хатлон низ ҳамон забони бохтарӣ роиҷ буд. Донишмандон забони навиштаҷоти аз Сурхкӯтал ёфтшударо «забони бохтарӣ» номидаанд ва минбаъд қариб кулли муҳаққиқини масъала бад-ин натиҷа расида­анд, ки он забони мардуми таҳҷоии Бохтар будааст.

Навигарии дигари Канишка дар тангаҳо табдил карда­ни навиштаҷоти забони юнонӣ ба забони бохтарӣ буд. Дар катибаи Работак гузариш аз забони юнонӣ ба бох­тарӣ, ки дар катиба он забони «ориёӣ» номида шудааст, дар соли аввали ҳукумати Канишка сурат гирифтааст: (сатри 1) «Наҷотбахши бузург Канишкаи кушонӣ, додрас, одил, ҳокими мутлақ, худо, (сатри 2) сазовори парастиш, ки шоҳии худро аз Нана ва ҷамеи худоҳо гирифтааст, ба соли якуми (сатри 3) [ҳукмронии худ], чун худоҳо розӣ буданд, шурӯъ намуд. Ва он маншури [худро] ба юнонӣ бароварда (ва) баъд онро ба забони ориёӣ гардонд».

Ин маънои онро дошт, ки дар давлати Кушониён забо­ни бохтарӣ яке аз шохаҳои бузурги забони ориёӣ роиҷ буд. Аслан катибаҳои Работак, Сурхкӯтал ва инчунин на­виштаҷоти давраи охири ҳукумати Канишка дар сиккаҳо бо алифбои шикастаи юнонӣ буд. Ин алифбо аз 24 ҳарф иборат буда, барои эҳтиёҷоти забони бохтарӣ як ҳарфи дигар (барои ифодаи овози ш) ба он илова шуда буд. Вале дар амал ҳангоми навиштан на ҳамаи он 24 ҳарф ис­тифода мегардиданд. Аз деҳаи Даштиҷуми вилояти Хатлон як зангӯлаи биринҷӣ ёфт шудааст, ки дар он 17 ҳарфи юнонӣ сабт гардидааст.

Ривоҷи шаҳрсозии замони кушониён дар Бохтари Ши­молӣ. Ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои 2-1 то милод дар Кангуртуту Теғузак маҳалҳои ободи шаҳрмонанд пайдо шуда бу­данд. Ин раванди шаҳрсозӣ дар мавзеъҳои дигари Хат­лон ва Бохтари ҳар ду соҳили рӯдҳои Панҷу Ому идома ёфт, ки ба ин ҳафриёти бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд. Ин шаҳрсозиҳо ба инкишофи ҳунармандӣ вобаста буд. Аз ҷониби дигар, нақши шаҳрҳо ҳамчун марказҳои ҳаёти фарҳангию динӣ низ ба сабаби дар онҳо ҷойгир будани ибодатгоҳҳои мухталиф боз ҳам меафзуд.

Дар 8 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ёвони имрӯза шаҳри замони Кушониён ёфт гардид, ки он 40 гектар масоҳат дорад. Шаҳри бузурге дар наздикии маркази ноҳияи Шаҳринав воқеъ гардидааст, ки дарозии девори мудофиавии он 7 километрро ташкил медиҳад. Масоҳати худи шаҳр 350 гектар мебошад. Ва дигар шаҳр, ки дар замони давлати Юнону Бохтар бо номи Кайқубодшоҳ дар Қубодиён пайдо шуда­аст, дар замони Кушониён низ мавҷуд буд. Ҳафриёти бостоншиносӣ дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, ки як ҷузъи Бохтари замони Кушониён буд, ба миқдори хеле зи­ёд афзудани шаҳрҳоро дар он минтақа нишон медиҳанд.

Бостоншиноси машҳури шӯравӣ Б. А. Литвинский, ки дар заминҳои Бохтари соҳилҳои рости Панҷу Ому (поиноби рӯди Сурхоб, Саксанохури Фархор, Тахти Сангини Қубо­диён, Теппаи шоҳ ва кабристонҳои Тулхор) ёдгориҳои зи­ёди таърихӣ ва сохти шаҳрҳоро меомӯхт, натиҷаҳои омӯзиши худро дар таърихи шаҳрсозии Осиёи Марказӣ илман даврабандӣ кардааст. Аз ин даврабандӣ аён мегардад, ки суръати шаҳрсозӣ дар Бохтар аз ҳама зиёд дар замони Кушони­ён будааст. Сабаби пешрафти шаҳрсозӣ дар он буд, ки Ку­шониён сарзаминҳои паҳновареро аз Туркистони Шарқӣ то Суғду Бохтару Кобулу Ҳинд муттаҳид сохта, як умумияти маданию таърихиеро дар ин сарзаминҳо падид оварданд. Сокинони Бохтар баробари дигар минтақаҳои империяи Кушо­ниён дар пазируфтани дини худ озод буданд. Мардуми Бохтар ва Суғд метавонист озодона ба Ҳинд рафта, дар он ҷо тиҷорат кунад ё ба тарзи муқимӣ зиндагӣ намояд. Тоҷирони бохтарию суғдӣ хеле зиёд ба шаҳрҳои аҳди кушонии Ҳинд мерафтаанд. Тавре ки таҳқиқи навиштаҷоти Ҳинди давраи кушонӣ нишон медиҳад (ба андешаи олим Я. Ҳарматта), сӣ дарсади ном­ҳои шахсиятҳои дар онҳо зикршуда номҳои эрониасл, махсусан бохтарӣ мебошанд. Дар давраи Кушониён аз Ҳиндустон тоҷирону роҳибони дини буддоӣ ба Бохтар омада, озодона ба тиҷорату таблиғоти динӣ машғул мешу­данд. Ҳиндуҳои пайрави ой­ини буддоӣ дар сарзамини Бохтар маъбадҳои буддоӣ месохтанд, ки баъзе унсурҳои меъмории он аз тарафи мардуми Бохтар дар таҷрибаи биносозӣ истифода мешуданд. Аз ҷониби дигар муҳандисони ҳиндӣ унсурҳои наву тозаеро дар корҳои сохтмон аз мардуми Бохтар омӯхта, баъди бозгашт дар кишвари худ истифода менамуданд. Ҳамин тавр, дар давраи Кушо­ниён робитаи мутақобилаи маданиятҳо пайдо гардид, ки он аз фарҳангҳои мардумони Бохтар, Ҳинд, Порт ва Суғд иборат буд. Дар навбати худ маданияти мардуми Бохтару Суғд (масалан, дар шаҳрсозӣ) баъзе унсурҳое дошт, ки аз мардуми Юнону Рум гирифта буданд. Яке аз сабабҳои асосии авҷ гирифтани шаҳрсозӣ ва ҳунармандӣ дар он давра нисбатан ором бу­дани вазъи дохилию хориҷии империяи Кушониён буд. Пайдоиш ва нуфузи сулолаи Гуптҳо дар Ҳиндустон ва сулолаи Сосониён дар Эрон суръати шаҳрсозиро дар Бохтар ва умуман дар империяи Кушониён коҳиш дод.

Баъд аз он, ки дар асрҳои 3-2 то милод тахориҳо якҷо бо қабилаҳои дигар давлати Юнону Бохтарро шикаст доданду дар ҳар ду соҳили рӯдҳои Панҷу Ому сокин шуданд, ному ҳукмронии ин қавм оҳиста-оҳиста номи Бохтарро аз байн бурд ва кишварро акнун «Тахористон» меноманд. Бо номҳои Тухоро ва Тахористон дар охирҳои асри 4 милод вомехӯрем, вале ин ном пештар пайдо шуда, тадриҷан ҷойгузини калимаи «Бохтар» гардид. Нигар низ Тахори­стон.

Адабиёт: Арриан. Поход Александра. Москва-Ленинград, 1962; Страбон. География, Ленинград, 1964; Гафуров Б. Г., Цибукидис Д.И. Александр Македонский и Восток. Москва,  1980; Гафуров Б. Г. Таджики Кн. 1. Душанбе, 1989; Ғоибов Ғ. Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз. Душанбе, 2006.

Ғ. Ғоибов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …