Маълумоти охирин

БОХТАР

bokhtarБОХТАР, ҳамвории доманаи кӯҳӣ дар шимоли Афғонистон, дар соҳили чапи дарёи Ому. Дарозиаш қариб 400 километр, бараш то 140 километр. Баландиаш аз 250-600 метр дар ҷануб то 250 метр дар шимоли ғарбӣ Бохтар дар пастхамии тектоникӣ воқеъ гашта, сатҳаш асосан бо регу гили обовард ва зардхок пӯшида аст. Иқлимаш хушки субтропикӣ ва континенталӣ. Ҳарорати миёнаи июл қариб 31°С, январ қариб 3°С. Боришоти солона 150-250 миллиметр (асосан дар баҳор). Дар ши­мол ландшафти регзор, қисман реги равони биёбонӣ, дар ҷануб биёбони регу гил, тақиру (заминҳои сафолакбаста) шӯрзаминҳо бештаранд. Қад-қади дарёи Ому тӯғай ва марғзорҳо, дар ҷануб воҳаҳои музофоти Мазори Шарифи Афғонистон ва шаҳрҳои Мазори Шариф, Тошқӯрғон, Шибурғон, Қундуз ва ғайра воқеанд. Пахта, гандум, лаблабуи қанд, шолӣ мекоранд. Гӯсфанду асппарварӣ ривоҷ ёфтааст. Дар наз­дикии шаҳри Шибурғон кони гази табиӣ мавҷуд аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …