Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙСУНҚУР

БОЙСУНҚУР

boysunkurБОЙСУНҚУР, Бойсунқур, Бойсунқар (16.9.1397, Ҳирот – 20.12.1433, ҳамон ҷо), аз асилзодагони сулолаи Темуриён. Писари Шоҳрух, набераи Темур, бародари Улуғбек, Ҳокими виллоятҳои Мозандарон, Астаробод ва Ҷурҷон (1414), баъд вазири падараш – Шоҳрух (1416-20) буд. Ҳокими Эрону Озарбойҷон (1420) ва Астаробод (1431). Ҳангоми сафарҳои Шоҳрух вазифаи муовинии ӯро адо мекард. Бойсунқур шахси маърифатнок, мухлиси ашъори форсӣ- тоҷикӣ буд. Замони вазириаш дар Ҳирот китобхона таш­кил карда, хаттотону наққошон, мусаввирону саҳҳофон ва зархалгаронро ҷалб намуд. Солҳои 1425-26 котибони китобхона қариб 40 нусха «Шоҳнома»-и Фирдавсиро муқоиса карда, нусхаи интиқодии онро тартиб ва бо минётураҳои мактаби тасвирии Ҳирот, ки бо роҳбарии Бойсунқур таъ­сис ёфта буд, оро доданд. Худи Бойсунқур ба он муқаддима навиштааст. Соли 1423 бо супориши Бойсунқур Ҳофизи Абрӯ ба навиштани асари маъруфаш «Зубдату-т-таворих» шурӯъ кард. Бойсунқур дар Машҳад дар мақбараи Гавҳаршодбегим дафн шудааст.

Адабиёт: Бартольд В. В. Улугбек и его время. Соч., Т. 2. Кн. 2. Москва, 1964; Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 1, Душанбе, 1978; Узбек миллий энциклопедияси. 4- 2. Тошканд, 2001.

А. Мухторов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …