Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙСУНҒУРӢ Ҷаъфар ибни Алии Табрезӣ

БОЙСУНҒУРӢ Ҷаъфар ибни Алии Табрезӣ

imagesБОЙСУНҒУРӢ Ҷаъфар ибни Алии Табрезӣ (номаълум), хаттоти форс-тоҷик, яке аз нахустин устодони хатти настаълиқ дар асри 15. Аслан аз мардумӣ Табрез буд, вале ба сабаби иқомати тулонӣ дар Хирот ба Ҳиравӣ машҳур шудааст. Баъдан аз Хирот ба Мовароуннаҳр сафар карда, се сол дар Балх монд, сипас ба Хоразм рафт, як сол дар Самарқанд зиндагӣ кард ва дар Бухоро даргузашт. Бойсунғурӣ аввал дар Табрез дар дарбори Мироншоҳ ибни Темур ба сар мебурд. Баъд дар дарбори Шоҳрухи Темурӣ тарбият ёфт, аз таваҷҷуҳ ва ҳимояи шоҳзода Бойсунғур Мирзо бархурдор буд ва бо ӯ хешӣ дошт. Лақаби дигараш «Айнулаъён» буд ва Султоналии Қоинӣ ӯро «Қиблатулкуттоб» номидааст.

Бойсунғурӣ дар кохи Чилсутуни Бойсунғур Мирзо китобат мекард ва сарвари чиҳил котиб ва хушнависи китобхонаи ӯ буд. Ӯ дар ривоҷи хатти настаълиқ кӯшиши бисёр намуд ва дар андак муддате онро мақбули хоссу ом кард. Вай ин хатро аз устодаш Мирабдуллоҳ фарзанди Миралии Табрезӣ (Ҳиравӣ) омӯхт ва дар он аз устодаш низ бартар шуд. Шогирди мавлоно Шамсуддин (Муншии Қумӣ) ва дар «хатти усул» шогирди Шамсуддин Қутобии Машриқӣ буд. Бойсунғурӣ бо он ки дар хатти настаълиқ шуҳрати бештар дошт, хатҳои дигарро устодона менавишт. Ӯ бо тарбияи шогирдон дар анвои хатҳо ба пешрафти хаттотӣ дар Эрон ёрӣ дод. Шогирдони маъруфи ӯ Азҳари Табрезӣ (дар хатти настаълиқ), Шайх Маҳмуди Зарин (дар хафинависӣ), Абдулҳайи Муншии Астарободӣ (дар хатти таълиқ), Абдуллоҳи Таббоҳи Ҳиравӣ (дар хатти усул саромад буд) буданд. Бойсунғурӣ илова бар хаттотӣ шеър низ мегуфт. Осори барҷомондаи ӯ бархе дар Эрон ва қисми бисёрашон дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд, ки муҳимтаринашон инҳоянд: «Шоҳномаи Бойсунғурӣ» (дар музейи Кохи Гулистон, рақами 4752), девони ашъори Ҳасани Деҳлавӣ, «Куллиёт»-и Ҳумоми Табрезӣ (Китобхонаи миллии Порис), нусхае аз девони Ҳофизи Шерозӣ (Осорхонаи осори исломӣ ва турк дар Истанбул), нусхае аз «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ (ҳамон ҷо).

Н. Шарипов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …