Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙСУНҒУР МИРЗО

БОЙСУНҒУР МИРЗО

imagesБОЙСУНҒУР МИРЗО   фарзанди Маҳмуд ибни Ахмад ибни Абусаиди Гургонӣ (номаълум), ҳокими ноҳияи Бадахшон (ҳукмронӣ 1474-1495). Шахси бофазлу дониш буда, шеър мегуфт ва дар шеър «Одилӣ» тахаллус мекард. Дар «Маҷолису-н-нафоис»-и Алишери Навоӣ омадааст, ки Султоналии Машҳадӣ покизагии хатти настаълиқи вайро ситудааст. Аз осори ӯ қитъае дар мураққаи Баҳром Мирзо дар китобхонаи Хазинаи авқофи Истанбул маҳфуз аст, ки бо хатти хуш навишта шудааст. Ин Бойсунғурро бо Бойсунғур Мирзо – фарзанди Шоҳрух ибни Темур, ки дар соли 1434 вафот кардааст ва ба ҷуз настаълиҳ ҳамаи анвои хатро хуш менавиштааст, набояд иштибоҳ кард.

Н. Шарипов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …