Маълумоти охирин

БОИС

boisБОИС (сабаб, мӯҷиб), номи яке аз баҳрҳоест, ки арӯзиёни форс-тоҷик Баҳромии Сарахсӣ ва Бузурҷмеҳри Қоинӣ баъди Халил ибни Аҳмад ихтироъ кардаанд. Сабаби Боис ном гирифтани ин баҳр он аст, ки доираи Мунғалата аз он оғоз  ёфта, бо он ба охир мерасад. Рукнҳои асосии Боисро аз ҷузви якуми рукни аввали дои­раи Мунғалата (нигар Доираҳои арӯз) – мафоӣлун /V – -/ ҷудо кардаанд. Агар аз ҷузъи аввали рукни якуми доира, яъне аз «ма» /V/ сар кунем, мафоӣлун /V  /, фоилатун /-V —/, мустафъилун / — V -/ ба вуҷуд меояд, ки вазни як мисраъ шеъри баҳри Боиси мусаддаси солимро ташкил медиҳад. Дар ҳар се рукни Боис сабаби хафиф /-/ нисбат ба ватади маҷмӯъ /V -/ ва ватади мафрук /- V/ зиёдтар аст. Дар ин рукнҳо фосила иштирок надорад. Ваз­ни солими Боис аз ҷумлаи авзони сакили арӯз ҳисоб меё­бад, зеро ҳиҷоҳои дарози он нисбат ба ҳиҷоҳои кӯтоҳаш бештар аст. Боис рукни махсус надошта, дар натиҷаи омезиши рукни асосии баҳри Ҳазаҷ рукни асосии баҳри Рамал ва рукни солими мустафъилун / – –  V –/ сохта шудааст. Шакли солимаш мусаддас буда, шаклҳои мусамману мураббаъу мусанно надорад. Боис камистеъмол аст.

Адабиёт: Шамси Қайси Розӣ, ал-Муъҷам. Душанбе, 1991; Тоиров У. Фарҳанги истилоҳоти арӯзи Аҷам. Душанбе, 1991.

У. Тоиров

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …