Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙМУРОДОВ Равшан

БОЙМУРОДОВ Равшан

imagesБОЙМУРОДОВ Равшан (1891 – фавт номаълум), ширкатдори фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокими­яти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ. Аз оилаи камбағал. Узви ҳизби коммунистӣ аз соли 1918. Дар арафаи Ин­қилоби Октябр дар корхонаҳо ва роҳи оҳани Каркӣ кор карда, бо гурӯҳҳои болшевикӣ шинос шуд ва ба ҳаракатхои инқилобӣ пайваст. Солҳои 1917-20 аввал дар сафи Гвардияи Сурх, баъд Армияи Сурхи кишвари Туркистон (шаҳри Каркӣ) буд ва ба муқобили ҳокимону амалдорони амир мубориза бурдааст. Баъд аз ғалабаи инқилоби Халқии Шӯроии Бухоро раиси Кумитаи инқилобии Кар­кӣ, Тирмиз, Қаршӣ таъйин гардид. Бо супориши ҳизби Коммунистии Бухоро ва Республикаи Халқии Советии Бухоро соли 1922 ба ноҳияҳои ҷануби шарқӣ ва марказии Тоҷикистон фиристода шуд. Соли 1922 раиси Кумитаи инқилобии шаҳри Душанбе буд ва дар таъсис додани сохторҳои идоракунию ҷалб намудани оммаи меҳнаткашон барои ободонии пойтахти нави тоҷикон саҳми арзанда гузоштааст. Боймуродов минбаъд то давраи ба нафақа баромадан дар корҳои ҳизбию давлатӣ кор кардааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …