Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙМУРОДОВ Эшниёз

БОЙМУРОДОВ Эшниёз

imagesБОЙМУРОДОВ Эшниёз (4.4.1945, деҳаи Дарбанд, ви­лояти Сурхондарё, Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 30.7.2005, Душанбе), физики тоҷик, доктори илмҳои техникӣ (1999). Баъди хатми Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шев­ченко (1967) фаъолияти илмиашро дар вазифаи ассистенти кафедраи физика оғоз  намуда, сипас, дар аспирантураи ҳамин институт таҳсилро давом додааст. Аз соли 1978 ассистент-намоишгар, муаллими калон (1987), дотсент (1994), мудири кафедраи физикаи ДТТ Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ (2000). Таҳқиқоти илмии Боймуродов, асосан, дар соҳаи физикаи полимерҳо буда, механизмҳои турушшавии полимерҳои гуногунро дар шароитҳои таъсири якҷои шиддати механикӣ, нурҳои ултрабунафш ва ҳарорат омӯхтааст. Натиҷаи корҳои илмии Боймуродов дар як қатор корхонаҳои ҷумҳурӣ ва Федератсияи Руссия татбиқ шуда, дар маҷаллаҳои илмии ватанӣ ва хориҷии дуру наздик ба чоп расидаанд. Боймуродов зиёда аз 120 мақолаву дастури илмӣ-методӣ таълиф намудааст. Таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд. Боймуродов узви Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои соҳаи физика ва математика ва узви Академияи илмҳои Ню-Йорк (1993) буд.

Осор: Механика. Душанбе, 2005.

М. Холов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …