Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙМАТОВА Энаҷон

БОЙМАТОВА Энаҷон

imagesБОЙМАТОВА Энаҷон (1923, деҳаи Пулодони ноҳияи Конибодом – 17.1.2011, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1960). Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1907). Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1935-42 аз колхозчии одӣ шурӯъ намуд. Солҳои 1943-56 сардори бригадаи пахтакорӣ ва аз соли 1957 раиси колхози «Москва»-и ноҳияи Конибодом буд. Саҳми Бойматова дар рушди пахтакорӣ, боғдорӣ ва чорводории ноҳия бениҳоят арзанда буда, дар давраи роҳбариаш дар колхоз 4 таълимгоҳи замонавӣ, боғчаи бачагона, беморхона, бинои идораи колхоз ва 40 хонаи иқоматӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Инчу­нин бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи ӯ роҳҳо асфалтпӯш гардида, дастгоҳи насоси обкашии «60-солагии СССР» сохта шуд, ки он боиси мавриди баҳрабардорӣ гардидани кариб 1000 га замини бекорхобидаи болои Канали калони Фарғона ва бунёди нави боғҳои мева гардид. Аз соли 1954 узви КМ ҲК Тоҷикистон ва ваки­ли Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Бо 4 ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, 5 медали тилову нуқраи Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС ва грамотаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …