Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙМАТОВ Пирмат

БОЙМАТОВ Пирмат

imagesБОЙМАТОВ Пирмат (1910, деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ – 1984, ҳамон ҷо), сароянда, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1963), Муаллими хидматнишондодаи мак­таби ҶШС Тоҷикистон (1960). Хатмкардаи Дорулмуаллимини Тошканд (1931), Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент (1941) ва Институти муаллимии Самарқанд (1954). Бойматов баробари таълими фанҳои гуногун солҳои зиёд ба маҳфили ҳаваскорони санъати мактаб роҳбарӣ намудааст. Аз соли 1965 (баъди ба нафақа бармадан) роҳбарӣ дастаи ҳаваскорони санъат ва аз соли 1977 мудири клуби колхози ба номи Свердлови ноҳияи Айнӣ буд. Бойматов таронаҳои халқӣ ва сурудҳои классикиро бо маҳорати баланд иҷро менамуд. Ба услуби халқӣ як силсила оҳангҳои марғуб эҷод кардааст. «Ёр муборак» (шеъри халқ), «Бар ҷонам занад» (шеъри халқ), «Теғи нигоҳ» (ғазали Туграл), «Омад ба ёд» (ғазали Сайидо), «Баҳори Ватан» (шеъри С. Вализода) ва ғайра аз беҳтарин таронаҳои Бойматов мебошанд. Бо медалҳои «Барои мехнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-45», «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин» сарфароз гарди­дааст.

М. Муллоаҳмадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …