Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙМАТОВ Камолиддин Ҳамроевич

БОЙМАТОВ Камолиддин Ҳамроевич

imagesБОЙМАТОВ Камолиддин Ҳамроевич (24.6.1950, деҳаи Домбраи ноҳияи Восеъ – 4.2.2006, Душанбе), риёзидони тоҷик, академики АИ Тоҷикистон (2001). Хатмкар­даи факултаи механикаву математикаи Университети давлатии Маскав ба номи М. В. Ломо­носов (1971), солҳои 1971-74 аспиранти ҳамин университет буд. Соли 1974 рисолаи номзадӣ ва соли 1982 рисолаи докториро дар мавзӯи «Асимптотикаҳои спектралии операторҳои дифференсиалӣ ва теоремаҳои ҷудокунӣ» ҳимоя на­муд. Аз соли 1974 то охири ҳаёт дар Институти математикаи АИ Тоҷикистон кор кардааст (солҳои 1981-86 муовини ди­ректор; 1986-2006 мудири шуъба). Таҳқиқоти илмии Бойматов ба назарияи спектралии операторҳои дифференсиалӣ ва псевдодифференсиалӣ, назарияи масъалаҳои вариатсионӣ барои муодилаҳои таназзулёбандаи эллиптикӣ, наза­рияи масъалахои канорӣ барои низоми таркибии муоди­лаҳои дифференсиалӣ, назарияи масъалаи Коши барои ни­зоми муодилаҳои параболавӣ ва ба назарияи ҷудошавии операторҳои дифференсиалӣ бахшида шудаанд. Тарзи нави сохтани функсияи Грини муодилаҳои таназзулёбан­даи параболавиро пешниҳод намуда, ба воситаи он формулаҳои асимптотики барои функсияҳои тақсимшавии спектри синфи васеи операторҳои дифференсиалӣ ва псевдодифференсиалиро ҳосил намуд. Усули ба истилоҳ «ошуби операторҳои дифференсиалӣ бо потенсиалҳои сингулярӣ»-ро кор карда, ба воситаи он масъалаи спек­тралии навъи Гасимов-Костюченкоро барои синфҳои гуногуни операторҳои дифференсиалӣ ҳал намуд. Коршоямии усули тауберии таҳқиқи асимптотикаи спектралии операторҳои дифференсиалиро дар ҳолати зарибхои ғайрисуфта исбот намуд. Бойматов муаллифи зиёда аз 150 мақолаи илмӣ мебошад, ки қисми зиёди онҳо ба забони англисӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Таҳти роҳбарии Бойматов 14 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …