Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙМАТОВ Алиҷон Азизович

БОЙМАТОВ Алиҷон Азизович

imagesБОЙМАТОВ Алиҷон Азизович (таваллуд 12.6.1945, Ленинобод), иқтисоддон, профессор (1991), доктори иилмҳои иқтисод (1998). Хатмкардаи УДТ (1966). Солҳои 1966-84 корманди илмӣ, мудири шуъба ва директори Филиали тоҷикистонии Институти умумииттифоқии тадқиқоти илмӣ оид ба омӯзиши талабот ва вазъи савдо дар шаҳри Душанбе, 1984- 2001 ходими илмӣ ва мудири шуъбаи Пажуҳишгоҳи иқтисодиёти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1993 х. к. илмии маркази илми бахши Хуҷандии АИ Тоҷикистон, 2001-11 муовини директори Институти менеҷмент ва технологияи компютерии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров буд. Аз соли 2012 директори Маркази илмӣ-таҳсилотии Донишгоҳи созмони ҳамкориҳои Шанхай дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд. Ҳамзамон солҳои 1993-2001 профессори Донишгоҳи давлатии хуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, бахши Хуҷандии Донишгоҳи давла­тии тиҷорати Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи мураттабони «Бар­номаи дигаргунсозии иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 1996-2000», муовини ра­иси Шӯрои мутобиқгардонӣ ва рушди соҳибкорӣ дар наз­ди раиси вилояти Суғд, 2000-05 директори Маркази минтақавии маркетингии вилояти Суғд, 1999-2004 тренер-профессор Маркази тайёр кардани кадрҳои мунитсипалӣ буд. Оид ба соҳаи омӯзиши бозор, истеъмолот ва дараҷаи зиндагонии аҳолӣ, соҳибкорӣ ва маркетинг, муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ, низоми иқтисоди бозорӣ, рушди иқтисоди минтақа зиёда аз 150 асару мақола ва кори илмӣ, аз ҷумла 21 рисола ва китоби дарсӣ таълиф кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ 7 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуданд.

Осор: Внутренный рынок товаров легкой промышленности Тад­жикистана. Душанбе, 1977; Народное потребление в Таджикистане. Душанбе, 1980; Региональный рынок: особенности и проблемы сбаланси­рованности. Душанбе, 1985; Асосҳои соҳибкорӣ ва маркетинг Xуҷанд, 2002; Экономика Таджикистана на пути к рынку. Xуҷанд, 2002; Маркетинг – назария ва амалияи замони муосир (китоби дарсӣ барои донишгоҳҳои касбӣ). Xуҷанд, 2009; Таджикистан, Кыргызстан: Торгово-эконо­мическое сотрудничество. Xуҷанд, 2001 (ҳаммуаллиф).            Ш. Тошева.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …