Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙЛ Роберт

БОЙЛ Роберт

robert-boylБОЙЛ Роберт (25.1.1627, Лисмор, Ирландия – 30.12. 1691, Лондон), физик ва кимиёдони англис. Маълумоти ибтидоиро дар хона гирифтааст. Дар синни 12-солагӣ барои идомаи таҳсил ба шаҳри Женева фиристода шуда, сипас, дар вақти саёҳат ба Итолиё ва Фаронса маълумоташро мукаммал кардааст. Баъди бозгашт ба Ирландия аз соли 1654 дар Оксфорд маскун мешавад ва ба омӯзиши физика ва кимиё машғул мегардад. Ӯ дар таъ­сиси Ҷамъияти илмҳо, ки со­ли 1668 ба Лондон кучонда шуд ва баъдтар бо номи «Ҷамъияти шоҳии Лондон» маъмул гардид, ширкат кар­дааст. Фаъолияти илмии Бойл ба асоснок кардани методи тачрибавӣ дар соҳаҳои фи­зика ва кимиё бахшида шу­дааст. Дар натиҷаи таҳқиқот Бойл соли 1660 қонуни тағйирёбии хаҷми ҳаво аз тағйирёбии фишорро, ки бо номи қонуни Бойл-Мариотт машҳур аст, кашф кард. Мувофиқи он чандирияти газ ба ҳаҷми ишғолкардааш мутаносиб аст. Дар соҳаи магнетизм, физикаи молекулавӣ, оптика ва электрик, физикаи назариявӣ ва аэростатика таҳқиқот анҷом додааст. Бойл барометр ва асбоби махсусе сохт, ки тимсоли вакуумметр аст. Зичии моддаҳоро омӯхт, хосияти фосфор (зичӣ, буӣ, вазни хос, шуоъафканӣ ва ғайра)-ро пешгуӣ кард. Бо ибораи Ф. Энгелс «Бойл кимиёро илм кард». Нигар низ Қонуни Бойл- Мариотт.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …