Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙЛ Ҷон Эндрю

БОЙЛ Ҷон Эндрю

imagesБОЙЛ Ҷон Эндрю ( 10.3.1916-19.11.1978, Манчестер), шарқшиноси англис. Профессори Донишгоҳи Манчестер (1966). Падараш китобфурӯшу китобшинос буд, осори адабиро аз забонҳои лотинӣ, фаронсавии қадим, испониёӣ, пор- тугалӣ ба англисӣ тарҷума мекард. Бойл таҳсили ибтидоиро дар назди падараш оғоз  карда, забонҳои лотинӣ ва юнониро омӯхт. Дар Донишгоҳи шаҳри Бирмингем як сол забони олмонӣ, дар Донишгоҳи Берлин ва Донишгоҳи Гёттинген назди устодони худ Ҳанс Ҳайнрих Шедер ва Олаф Хинсен, Мартин Ҳартман забонҳои форсии қадим, авестоӣ, паҳлавӣ, арабӣ, туркӣ, таърихи кишварҳои Шарқ ва динҳоро омухт. Пеш аз оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба Англия баргашт ва дар Донишкадаи мутолиоти шарқии Донишгоҳи Лондон ва Донишгоҳи Манчестер (1950-66) кор кард.

Беш аз 90 асари Бойл – китобҳо, мақолаҳо, тарҷумаҳояш аз осори таърихии форс-тоҷик ба табъ расидаанд. Бойл мутахассиси соҳаи таърихи муғул буд. Дар ин бобат кори нисбатан муҳимми ӯ тарҷумаи англисии «Таърихи ҷаҳонкушой»-и Ҷувайнӣ (1958, дар ду ҷилд), тарҷумаи бахшҳое аз «Ҷомеъу-т-таворих»-и Рашидуддини Фазлуллоҳ (1971), мақолаҳои «Дар бораи алқобе, ки дар китоби Ҷувайнӣ ба баъзе аз шоҳзодагони муғул дода шудааст» (1959), «Фармонравоии муғул дар Афғонистону Ҳинд ба ривояти «Табақоти Носирӣ»-и Ҷузҷонӣ» (1963), «Рашидуддин нахустин таърихнигори ҷаҳон» (1968) ва ғайра мебо­шанд. Ба калами Бойл чун устоди забони форсӣ ва муҳаққиқи адабиёти форсӣ китобҳову мақолаҳое аз қабили «Адабиёти форсии имрӯз» (1957), «Умари Хайём: ахтаршинос, риёзидон ва шоир» (1975), «Солшумории сафарҳои Саъдӣ» (1974), тарҷумаи англисии «Илоҳинома»-и Аттор (1974), «Маснавиҳои мазҳабии Фаридуддини Аттор» (1979), «Дастури забони форсии имрӯз» (1966) ва ғайра тааллуқ доранд. 25 мақолаи Бойл дар «Доиратулмаорифи ислом», 4 мақола дар «Британника» ба табъ расидаанд. Бойл муҳаррири ҷилди панҷуми «Таърихи Кембриҷи Эрон» ва муаллифи яке аз мақолаҳои он (дар бораи Элхониён) буд.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …