Маълумоти охирин

БОЙКОТ

botkotБОЙКОТ (англисӣ Boycott – гирифта аз исми шахсе бо номи Бойкот), яке аз шаклҳои муборизаи сиёсӣ ва иқтисодист, ки пурра ё қисман қатъ намудани муносибат нисбат ба шахсони алоҳида, ташкилот ва ғайраро пешбинӣ ме­кунад. Масалан, нахаридани маҳсулоти корхонаи муайян, худдорӣ аз кор кардан ва ғайра. Унвони Истилоҳи мазкур аз номи раиси умури роҳбарии коргарони англис – Чарлз Бойкот гирифта шудааст, ки соли 1880 нисбат ба ӯ аз тарафи иҷорагирони ирландӣ Бойкот эълон карда шуда буд. Дар муносибатҳои байналмилалӣ, мувофиқи Ойинномаи СММ, яке аз тадобирест, ки бидуни исти­фодаи қувваҳои мусаллаҳ ба ҷиҳати нигоҳдории сулҳ истифода мешавад. Барои ин давлатӣ бойкоткунанда бо дигар давлат (ё давлатҳо) ҳама гуна муносибатро қатъ мекунад. Дар амалияи муносибатҳои сиёсӣ ва байналхалқӣ Бойкот метавонад Бойкоти интихобот ё Бойкоти бозиҳои олимпӣ ва ғайра бошад. Ин Бойкот дар даст кашидан аз овоздиҳӣ аз ҷониби гурӯҳи интихобкунандагон ифода меёбад. Ода­тан он намоишкорона ва оммавӣ сурат мегирад. Сабабҳои Бойкот нобоварӣ нисбат ба низоми инггихоботӣ, эътироз ба истифодаи қувваҳои пурзӯри маъмурӣ ҳангоми интихо­бот, сохтакории саросарӣ ва ғайра мебошанд. Ангезаи иштирок накардан дар интихобот он аст, ки ба интихоботи сунъӣ мақоми расмӣ дода нашавад. Бойкоти интихобот ё раъӣпурсӣ дар сурате натиҷа дода метавонад, ки агар шумораи хадди аксари интихобкунандагон дар овоздиҳӣ ширкат накунанд, дар акси ҳол бойкот ҳамчун амали сиёсии бидуни натиҷаи ҳуқуқӣ боқӣ мемонад.

Ш. Раҳимзода.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …