Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙДУХОН

БОЙДУХОН

imagesБОЙДУХОН (фавт 4.10.1295), шашумин хони Элхонони Эрон аз сулолаи Ҳулогуиҳо. Писари Тарағай ва набераи Ҳулогу. Баъд аз кушта шудани Гайхотухон (24 марти 1295) бо ёрии Тағоҷор ба тахти подшоҳӣ нишаст. Аммо шохзода Ғозон ба хотири интиқоми хуни амакаш Гайхо­тухон бо ёрии амири Наврӯз аз Хуросон бар зидди Бойдухон бархост. Ҷанг бо сулҳ анҷомида, Бойдухон илова бар Хуросон, мулкҳои Форс ва Ироқро ба Ғозонхон бахшид. Бойдухон дар давраи ҳукмронии худ кӯшиш намуд, ки «Ёсо»-и Чингизхонро аз нав эҳё кунад. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои масеҳӣ ва мусулмонӣ Бойдухон ба масеҳиён таваҷҷуҳ до­шта, бо мусулмонон чандон муносибати нек надошт. Бойдухон ҳатто вазири бузург ва соҳибдевони мамлакат Садри Ҷаҳон (Хоҷа Садриддин Аҳмади Занҷонӣ)-ро аз вазифа сабукдуш намуд. Дар лашкаркашии навбатии Ғозонхон ҷонибдорони Садри Ҷаҳон бо Тағоҷор бар зидди Бойдухон баромаданд ва Бойдухон танҳо монда фирор кард. Баъдан Бойдухон дар наздикии Нахҷувон дастгир шуда, аз ҷониби Ғозонхон (4 октябри 1295) ба қатл расонда шуд.

Қ. Расулиён

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …