Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЯЗИДИ II

БОЯЗИДИ II

boyazid-2БОЯЗИДИ II (1447-26.5.1512), султони империяи Усмониён (1481-151), писари калони султон Муҳаммади II ва ҳамзамони шоҳ Исмоили I Сафавӣ. Боязиди II аз рӯйи эътиқоди афзун ва пуштибонии тариқати динӣ лақаби «Валӣ»-ро соҳиб шудааст. Боязиди II ҳангоми рақобаташ барои тахту тоҷ бо бародараш Ҷам ба пуштибонии сипоҳиёни яккачини яничарҳо такя намуда, соли 1482 ҷонибдорони ӯро шикаст медиҳад. Бародараш ночор ба Аврупо фирор намуда, бо дастгирии ҳукуматдорони Венетсия ва дигар кишварҳои аврупоӣ сӯйи Истанбул борҳо таҳдид ва кӯшиши лашкаркашӣ мекунад. То лаҳзаи марги Ҷам (1495) байни бародарон барои тахту тоҷ рақобат идома дошт. Боязиди II барои боз гардондани заминҳои музофоти Далматсия ва ҳудудҳои Эгей бо Венесия ҷанги 4-сола бурда (1499-1503), нерӯҳои хушкигард ва баҳрии онҳоро шикаст медиҳад ва қисмати Юнони Ҷанубиро пурра забт мекунад. Дертар ӯ мавқеи империяи Усмониёнро дар қисмати ҷануби шарқии Аврупо (Босния, Герсоговина, Мол­дова) вусъат мебахшад. Ӯ бо Маҷористон ва Лаҳистон низ набардҳои пайгирона бурда, соли 1501 мавқеи империяи Усмониёнро дар соҳилҳои шарқии Баҳри Сиёҳ устувор менамояд. В. мамолики Миср ва Сурияро таҳти васоят оварда, бо сулолаи Сафавиёни Эрон барои мустаҳкам намудани ҳудудҳои марзӣ муборизаҳои ошкору ниҳон мебурд. Мутобиқи маълумоти «Таърихи Оламорои Аббосӣ», Боязиди II ба шоир ва мутафаккири маъруф Ҷомӣ таваҷҷухи хосса дошта, ба фарҳанги форсӣ ва мазҳаби ҳанафӣ арҷ мегузошт. Боязиди II айни ҳол таърихнигор Камол Пошозодаро ба таълифи таърихи импе­рияи Усмониён водор кардааст. Дар Истанбул ва Андрианопол чандин масҷиди ҷомеъ бунёд кардааст, ки яке аз онҳо масҷиди ҷомеи Боязид мебошад. Бар асари нооромиҳои поини умр, ки байни писаронаш сар зада буд, ӯ моҳи апрели 1512 тахту тоҷро ба писараш Салими I (1512-1520) вогузор намуда, баъди ду моҳ мефавтад.

Адабиёт: Льюис Рафаэл. Османская Турция. Москва. 2004.

Б. Абдураҳмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …