Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЯЗИДИ I Йилдирим

БОЯЗИДИ I Йилдирим

boyazid-1БОЯЗИДИ I Йилдирим (тақрибан 1347-8.3.1403), султони турк (1389-1402) аз сулолаи Усмониён. Сиёсати истилогаронаи гузаштагонашро давом дода, бо лашкаркашиҳо Сер­бия (1389), Булғория, Македония, Босния, Фессалия, Маҷористонро (1393-96) тобеъ намуд. Боязиди I мавқеашро дар нимҷазираи Балкан мустаҳкам карда, Румро забт намуд ва лашкараш Константинополро ба муҳосира гирифт. Шоҳи Маҷористон Сигизмунд ҷабҳаи муштараке аз баварҳо, бургундҳо, фаронсавиҳо ва ритсарҳои поляк созмон до­да, алайҳи Боязиди I ҷанги салибӣ эълон намуд, вале дар муҳорибаи наздикии Никопол (1396) шикаст хӯрд. Лашкари Боязиди I солҳои 1394-1401 шаҳри Константинополро муҳосира наму­да, амирони Анатолияро пурра зери тасарруфи худ дароварданд. Хатари тасхир ва тобеияти комили тамоми Аврупо аз ҷониби туркҳои усмонӣ падид омада, давлатҳои ин қитъа барои ҷилавгирӣ аз он тадбир меҷустанд. Ин пайкорҳои истилогарона ба аҳди салтанати Те­мур рост омад, ки Шарқи Миёна ва шимоли Ҳиндро зери итоаташ дароварда буд. Шоҳи Кастилияву Леон Генрихи III де Трастамар (1390-1407) баъди қабули ҳайати сафорати темурӣ дар Самарқанд сафоратхона кушода, Темурро зид­ди Боязиди I шӯронд. Темур, ки қаблан барои ҷанг баҳона меҷуст, аз Боязиди I хост Аҳмади Ҷалоир ва Қароюсуфи Туркманро, ки баъди шикаст назди Боязиди I паноҳ мебурданд, таслим кунад. Ин дархости ӯ қабул нашуд ва фазо барои ҷанг мусоид гардид. Амир Темур пас аз фатҳи моварои Қафқоз ва сарҳаддоти шарқии Осиёи Сағир ба Боязиди I нома фиристода, аз пирӯзиҳояш худситоӣ ва пешниҳоди таслим шудан кард. Боязиди I дар посухи номаи Темур пирӯзиашро бар сулолаи Музаффариёни тоҷиктабори Шероз кам зада, шеъри таҳқиромезе фиристод, ки онро Мавлоно Шомӣ дар «Зафарнома» чунин овардааст:

Фурӯзодагони Музаффар чианд?

Зи насли кадому нажоди кианд?

Ду-се суст тоҷики нокардакор,

Аз эшон чӣ ояд гаҳи корзор?

Темур муқобили Боязиди I лашкар кашида, дар муҳорибаи наз­ди Анқара (1402) нерӯҳои уро шикаст дод. Боязиди I ва писаронаш ба асорат афтоданд. Темур Боязиди I-ро дар қафаси оҳанин андохта, ҳар ҷо ҳамроҳи худ мебурд. Боязиди I ба ин таҳқир тоқат накарда, дар наздикии Оқшаҳр заҳр хӯрда фавтид.

Ҳ. Камол.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …