Маълумоти охирин

БОЯЗИДИ ДАВРӢ

boyazidi-davriБОЯЗИДИ ДАВРӢ (Ҳирот – фавт 1576), хаттот, хушнавис ва шоири форс-тоҷик (асри 16). Дар Ҳирот ба камол расидааст. Баъд ба Ҳиндустон ҳиҷрат намуда, дар китобхонаи салтанатии Акбаршоҳ ба китобат машғул шудааст. Соли 1575 ба зиёрати ҳаҷ рафт ва дар бозгашт ба Ҳиндустон соли 1576 дар наздикии бандари Сурат ғарқ шуд. Боязиди Даврӣ дар хушнависӣ шогирди Миралии Ҳиравӣ ва Мулло Муҳаммадқосими Шодишоҳ буд. Бино ба навиштаи хушнавис Мулло Қотеи Ҳиротӣ, Боязиди Даврӣ хушнависи барҷаста, беназир, чобукдаст ва кайфияти хатташ олӣ бу­дааст. Дар Ҳиндустони он замон хатти настаълиқ ва шикастаро касе мисли ӯ хуб наменавиштааст. Акбаршоҳ ба ӯ лақаби «Котибулмулук»-ро дода буд. Боязиди Даврӣ дар китобхо­наи салтанатии Акбаршоҳ «Қиссаи Ҳамза»-и Мулло Қотеии Ҳиравӣ (дар ҳамкорӣ бо дигар хушнависон), нусхаҳои «Хусрав ва Ширин» ва «Дувалронӣ ва Хизрхон»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ (охирӣ дар китобхонаи давлатии иёлати Капур Таҳлаи Ҳиндустон маҳфуз аст), «Юсуф ва Зулайхо»-и Абдурраҳмони Ҷоми, «Гӯй ва чавгон»-ро бо хатти зебо китобат кардааст. Нусхаҳои китобаткардаи Боязиди Даврӣ дар китобхонаи Хазинаи авқофи Истанбул ва китобхо­наи хусусии хонум Парвини Шайбонӣ (Эрон) мавҷуданд Боязиди Даврӣ табъи шоирӣ низ дошт ва соҳибдевон буд. Дар шеър «Доварӣ» тахаллус мекард. Ашъори ӯ дар тазкираҳо сабт гардидааст ва тазкиранависон шеъри ӯро ситудаанд. Ӯ барои модари Акбаршоҳ – Ҳамидабону бо номи «Маҷмаъу-ш-шуаро» асаре гаълиф кардааст, ки дар он беҳтарин намунаҳои шеъри 485 тан шоирони мугақаддим ва мутааххир ба тартиби алифбоии тахаллус ҷой дода шудаанд. Дар «Маҷмаъу-ш-шуаро» аз ашъори Боязиди Даврӣ маснавӣ, қасидаҳо дар мадҳи Ҳамидабоную Акбаршоҳ ва ду ғазал омадааст. Як нусхаи ин асар дар китобхонаи марказии Донишгоҳи Теҳрон таҳти рақами 2448 маҳфуз аст. Эҳтимол меравад, ки ин китобро худи муаллиф бо хатти хуши рези настаълиқ китобат кардааст.

Н. Шарипов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …