Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЯЗИДИ БАСТОМӢ

БОЯЗИДИ БАСТОМӢ

boyazidi-bastomiБОЯЗИДИ БАСТОМӢ, Абуязид Тайфур ибни Исо ибни Одам ибни Сурушон, лақабаш «Султону-л-орифин» ва «Бурҳону-л-муҳаққиқин» (фавт 857, Бастом), мутафаккири маъруф, асосгузори тайфурия, аз машоихи бузурги суфия, табақаи аввалӣ ва аз машҳуртарин орифони форс-тоҷик дар асрҳои 8-9. Аҷдоди пешини Боязиди Бастомӣ пайрави зардуштия буданд ва дар давраи ҳаёти бобояш аҳли хонадон дини исломро қабул карданд. Аз Боязиди Бастомӣ осори мукаммале боқӣ намондааст. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ нақлу ривоятҳои мухталифе расидаанд. Аз ҷумла, роҷеъ ба меҳру муҳаббати зиёд доштани ӯ ва модараш нисбати ҳамдигар ҳикоятҳои зиёде мавҷуданд. Масалан: «Гуфт: Он кор, ки бозпасини корҳо донистам, пеш аз ҳама буд ва он ризои модар буд» ва «гуфт: Он чӣ дар ҷумлаи муҷоҳадот ва риёзоту ғурбат меҷустам, дар он ёфтам, ки шабе модар аз ман об хост, рафтам, то об орам, дар кӯзаву дар сабӯӣ об набуд. Ба ҷӯй рафтам ва об овардам, модар хуфта буд ва шаб сард буд, кӯза дар даст медоштам, чун аз хоб баромад, огоҳ шуд, об хӯрд ва маро дуо кард ва ҳамчунон кӯза дар дасти ман фасурда шуда буд. Гуфт: Чаро аз даст наниҳодӣ? Гуфтам: Тарсидам, ки ту бедор шавӣ ва ман ҳозир набошам» («Тазкирату-л-авлиё»),

Андешаҳои бебоконаи Боязиди Бастомӣ, ки дар таърихи афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқии тоҷикон бо номи шатҳиёт маълуманд, тавассути муридон, пайравон ва дӯстонаш аз даҳон ба даҳон гузашта, баъдтар дар тазкираву китобҳо сабт гардидаанд.

Боязиди Бастомӣ яке аз асосгузорони таълимоти «фано ва бақо» мебошад. Мувофиқи ақидаи ӯ, чун суфӣ аз хусусиёти шахсӣ, ирода, майлу рағбат, кайфу ишрат ва завқи дунявӣ барӣ гардида, тамоми фикру зикр ва хаёлу диққати худро ба ҷониби маҳдуд (Худо) равона кунад, саранҷом табиати рӯҳонӣ бар ҳайвонӣ, маънавӣ бар моддӣ ғолиб омада, солик гӯё табиати Худоӣ пайдо мекунад ва дар байни ӯ ва Худо фарқе намонда, ҳар ду ба ҳам як мешаванд. Ҳарчанд суханони шатҳомезро қабл аз Боязиди Бастомӣ дар алфози Робиаи Адавия, Иброҳими Адҳам ва дигарон низ пайдо кар­дан мумкин аст, ки дар ҳоли сукр ва ғояти ишқ баён ме­карданд, вале бо боварии комил гуфтан мумкин, ки шатҳиёти Боязиди Бастомӣ шӯри хос ва хусусияти бебоконае доранд. Чун шатҳиёти Боязиди Бастомӣ дар ҳавсалаи аҳди зоҳири шариати ислом намеғунҷад, вайро ба куфру илҳод гунаҳкор карда, борҳо аз шаҳраш, (Бастом), берун карданд. Шатҳиёти Боязиди Бастомӣ Дар «Тазкирату-л-авлиё» оварда шудаанд. Масалан, Боязиди Бастомӣ «Гуфт: (ба дӯстонаш) агар ҳоли худ аз шумо пинҳон дорам, забони маломат дароз кунед ва агар макшуф дорам, шумо тоқати он наёред. Бо шумо чӣ бояд кард? Пас, чун бирафт ва Мадинаро зиёрат кард, дар хотираш бигузашт, ки ба хидмати модар равад. Бо ҷамъе рӯй ба Бастом ниҳод, хабар дар шаҳр афтод, аҳди Бастом то ба ду роҳ ба истиқбол берун омаданд… Чун наздики ӯ расиданд, шайх қурсе нон аз дукон бигирифт ва Рамазон буд ва хӯрдан гирифт. Чун он бидиданд, ҷумла аз ӯ гаштанд. Шайх асҳобро гуфт: Дидед, ки масъалае аз шариат кор бастам, ҳама халқ маро рад карданд». Ё ки: «Як бор азми ҳаҷ кард ва манзиле чанд бирафт ва бозомад. Гуфтанд: Ту ҳаргиз азми фасх накардаӣ, ин вақт чун афтод? Гуфт: Дар роҳ зангиеро дидам, теғе кашида, маро гуфт: Агар бозгардӣ нек, вагарна сарат аз тан ҷудо кунам. Пас гуфт: «Худоиро ба Бастом гузоштӣ ва рӯй ба Каъба овардӣ». Ё худ: «Марде пеши ӯ омад. Бипурсид, ки куҷо меравӣ? Гуфт: Ба ҳаҷ. Гуфт: Чӣ дорӣ? Гуфт: Дивист дирам. Гуфт: Ба ман деҳ, ки соҳибаёлам ва ҳафт бор гирди ман бозгард, ки ҳаҷҷи ту ин аст. Чунон кард ва ин мард бозгашт». Дар шатҳиёти Боязиди Бастомӣ сифат ва хусусиятҳои худоӣ ба инсон нисбат дода шудаанд. Вай мартабаи худро аз мартабаи пайғамбар болотар гузошта, дар ирфон ва олами рӯҳии ислом ҷунбиши азиме ба миён овард. Боязиди Бастомӣ ба ин васила дар шароити асримиёнагии феодалӣ мақоми инсомро ба­ланд бардоштааст. Таълимоти суфиёнаи Боязиди Бастомӣ ба ташаккули афкори орифонаи намояндагони баъдинаи ин маслак чун Маҷдуддини Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Ҷалолуддини Румӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон нақши муайяне гузоштааст.

А. Муҳаммадхоҷаев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …