Маълумоти охирин

БОЯВУТ

boyavutБОЯВУТ, Боявутча (аз калимаи бой ва суғдии овут оворагард), деҳа дар ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан. Аз Боявут то маркази шаҳр 23 километр; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 200 нафар (2012). Деҳа мактаб надорад. Хонандагон дар мактаби деҳаи Тӯққузчелак таҳсил мекунанд. Нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз чоҳҳои амудӣ (артезианӣ) обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …