Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЯРКИН Василий Илларионович

БОЯРКИН Василий Илларионович

boiarkin_vasilii_illarionovichБОЯРКИН Василий Ил­ларионович (24.4.1914, Тюягански вилояти Оренбург – (12.12 1943), Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1944, баъди вафот), сержанти калони гвардия. Пеш аз ҷанг дар МТС-и ноҳияи Шаҳритузи вилояти Курғонтеппа тракторчӣ буд. Ноябри 1941 ба сафи Артиши Сурх даъват шуда, ҳамчун командири гурӯҳи пулемётчиёни эскадрони 4-уми полки 60-уми дивизияи 16-уми корпуси 7-уми савораи гвардиявии Ҷабҳаи Марказӣ зидди фашистон ҷангидааст. Шаби 29 сентябри 1943 ҳангоми убури дарёи Днепр дар наздикии мавзеи Нивкии ноҳияи Брагинскийи вилояти Гомел бо гурӯҳи худ ба амад нишаста ба соҳил баромад ва ба сӯи душман оташ кушода, 60 аскару афсари душманро нобуд сохт. 29-30 сентябр дар ҷангҳои хутори Галкии ноҳияи Брагинский бо оташи пулемёт 30 сипоҳии душманро маҳв карда, ба пешравии қисмҳои шӯравӣ роҳ кушод. Бояркин дар ин набардҳои шадид маҷрӯҳ шуда, баъдан вафот кард. Бо орденҳои Ленин, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи I), «Ситораи Сурх», медали «Барои мудофиаи Сталинград» сарфароз гардидааст.

Адабиёт: Сечкина Л. П. Фарзандони шарафманди Тоҷикистон. Душанбе, 1968; Герои Советского Союза. Краткий биографический словарь. Т. 1. Москва,  1987.                                           

Б. Аҳмадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …