Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОЯЛИЧ

БОЯЛИЧ

boyalichБОЯЛИЧ (Salsola), як ҷинси гиёҳ, нимбутта ё бутта. Дар Тоҷикистон 13 намуди яксола – Salsola aperta, Salsola pestifera, Salsola praecox, Salsola rosaceae, Salsola sclerantha, Salsola turkestanica, Salsola vvedenskyi ва 11 намуди нимбутта ё буттавӣ – Salsola arbuscula, Salsola baranovii, Salsola dendroides ва ғайра дар ҳамвориҳои кӯҳ, соҳили дарё ва баландкӯҳҳо (дар Помир дар баландии 2000-4000 м аз сатҳи баҳр) мерӯяд. Чун рустании хӯроки чорво, ороишӣ, доруӣ, рангдеҳ, муҳофизи регзор ва сӯзишворӣ аз қадим маълум аст. Як намуди маъмули Боялич Salsola richteri, ки дар биёбонҳо мерӯяд, алкапоиди салсолин ва салсолидин дорад (барои табобати бемории гиперто­ния муфид аст).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …