Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОҲТУР ДАВЛАТОВ

БОҲТУР ДАВЛАТОВ

dehaБОҲТУР ДАВЛАТОВ (собиқ Фрунзе), деҳа дар ҷамоати деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор. Аз деҳа то маркази ноҳия 16 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1056 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 дорухона, бунгоҳи тиббӣ, 16 нуқтаи савдои хусусӣ, кооперативи истеҳсолии «Фаровон», фурӯшгоҳи яквақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ ба воситаи наҳри Сурхоб обёрӣ мешаванд. Ёдгории таърихии таҳқиқнашудаи «Теппа» дар маркази деҳа воқеъ аст. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Карим Идиев зодаи ҳамин деҳа мебошад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …