Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОҲИРӢ Нозирҷон

БОҲИРӢ Нозирҷон

imagesБОҲИРӢ Нозирҷон (Боҳиров Нозирҷон, 12.08.1940, деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом), шоир ва рӯзноманигори тоҷик. Корманди шоистаи Тоҷикистон (1991), Аълочии мао­рифи халқи Тоҷикистон (1985). Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (1964). Ходими адабии газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон», 1964-66), газетаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳозира «Анбоз», 1967-74), ходими адабӣ, мудири шуъба ва котиби масъули маҷаллаи «Машъал» (ҳозира «Истиқбол», 1974-96), раиси Бунёди журналистони Тоҷикистон ва ҷонишини авва­ли раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1994-2004) буд. Солҳои 1981-82, 1986-88 дар Афғо­нистон ба ҳайси тарҷумон кор кардааст. Аз соли 2004 бознишаста, машғули кори эҷодист. Маҷмӯаҳои ашъораш «Андеша» (1975), «Талош» (1990), «Қулла» (2003), «Оташи обдор» (2010), «Теғи сабз» (2013) ва мақолаҳои публитсистиаш «Дониш талабу бузурги омӯз» (1988) ва ғайра ба табъ расидаанд. Дар маҷмӯаҳои ашъораш манзумаҳои «Осиёбон», «Таркиш», силсилаи ашъори «Аз дафтари Афғонистон» ҷой доранд, ки дар байни хонандагон бештар маъруфият пайдо кардаанд. Мавзӯъҳои ашъораш тараннуми ишқу муҳаббат, сидқу вафо, тавсифи инсон, зебоиҳои табиат, ватан ва даъват ба ватандӯстӣ мебошад. Боҳирӣ аксари ашъорашро дар қолаби ғазал эҷод намудааст. Оҳангсозони тоҷик чанде аз шеърҳои Боҳириро ба оҳанг дароварда, суруд эҷод намудаанд. Боҳирӣ шеърҳои баъзе шоирони русу украин, ӯзбеку кирғизро тарҷума карда, дар матбуот ва ё дар шакли китоб ба табъ расонидааст. Дорандаи Мукофоти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1979), узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1975), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1990). Бо Грамотаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалисии Тоҷикистон (1976) ва ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

Адабиёт: Энсиклопедияи Конибодом. X., 2006; Мақсудов Б. Сатрҳои пурҳарорат // Садои Шарқ. 2010. № 10.

С. Худойдодоеа.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …