Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОФТИ ТОРУ ПУД

БОФТИ ТОРУ ПУД

adrasБОФТИ ТОРУ ПУД дар матоъ, тарзи хобидани нахҳо, ки таркиб ва намуди зоҳирии матоъро муайян мекунад. Нахҳои қад-қади матоъ хобидаро тор ва нахҳои нисбат ба тор тарвозаро пуд меноманд. Торҳо ҳангоми бофтан нис­бат ба пуд ба тазъйиқу кашиши зиёд ва таъсири соиши дастгоҳ дучор мешаванд. Аз ин сабаб, барои тор ресмонҳои мустаҳкам аз нахҳои сифаташон баланд истифода гардида, пеш аз бофтан бо маҳлулҳои махсус коркард мешаванд. Ҳар як Бофти тору пуд аз шумораи муайяни нахҳо тар­киб меёбад. Навъҳои он: асосӣ (сарҷа, атлас); майданақш, ки бо бандубасти гуногуни боф­ти асосӣ ҳосил мешавад; мураккаб, ки ба матоъҳои дугорупуда мансуб аст; фасонӣ, ки бо нақшҳои бадеӣ оро меёбад. Нигар низ Бофандагӣ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …