Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОФАНДАГӢ

БОФАНДАГӢ

bofandagiБОФАНДАГӢ, ҷулоҳӣ, ҷулоҳагӣ, тарзи суннатии аз ресмон бофтани матоъ, карбос ва амсоли инҳо дар дастгоҳи Бофандагӣ, ки тавассути бофанда сурат мегирад. Дар Бофандагӣ тору пудро ба якдигар ворид карда, онҳоро бо ҳам мебофанд. Дар Бофандагӣ ду дастаи риштаҳо (абрешимӣ, пашмӣ, пахтагӣ, канаб, ҷут ва ғайра)-ро аз арзу тӯл лобалои ҳамдигар гузаронида, гиреҳ мезананд. Дар натиҷаи ба ҳамдигар омехтани тӯлу арзи онҳо ва фишурда гаштани тору пудҳо матоъ ва ё порча ҳосил мешавад. Ҷараёни Бофандагӣ аз тайёр кардани тору пуд, нахпечонӣ, тортанӣ, оҳордиҳӣ, фарқкушоӣ ва ғайра иборат мебошад. Торҳо аз самти амудӣ ва уфуқӣ гузашта, порча ё худ матои бофтаро ба вуҷуд меоранд. Нафосати матоъ ба қутри ришта ё нах вобаста аст. Бо тағйири ранг, теъдоди пудҳо ва нақши бофта навъи ранг дигар мешавад. Олоти Бофандагӣ чарх, ҳаллоҷӣ, дукон, чӯбҳои махсус, шона ва ғайра мебошанд.

Бофандагӣ аз қадимтарин ҳунарҳои суннатӣ буда, аз аҳди неолит инсон бо он ошно аст. Мисриҳо, ориёиҳо ва ошуриҳо бо ин ҳунар аз оғози таърих машғул буданд. Ҳунармандони Юнон ва Рум низ дар Бофандагӣ пеш рафта буданд. Дар Чин бофтани абрешим дар асри 3 то милод оғоз ёфта буд. Дар Осиёи Миёна ва Эрони бостон Бофандагӣ дар ахди қадим шурӯъ шуда, яке аз пешаҳои суннатии мардуми ориёӣ ба ҳисоб мерафт. Дар аҳди Сосониён бофтани матоъҳои бенақш маъмул буд. Дар асрҳои миёна Бофандагӣ инкишоф ёфта, навъҳои гуногуни матоъ ва порчаҳои мунаққаш пайдо шуданд, ки бо услубу шеваҳои гуногун бофта мешуданд. Фаъолияти коргоҳҳои Бофандагӣ чунон тавсеа пайдо кар­данд, ки дар онҳо ҳам матоъву порчаҳои нафису дурӯшти нахию катонӣ, ҳам порчаҳои зарбофту катибадор, ҳам навъҳои гуногуни фарш ва ғайра бофта мешуданд. Дар Хуросон кор­гоҳҳои Бофандагӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бухоро, Истаравшан, Самар­қанд, Марв, Нишопур, Ҳирот ва ғайра, дар Эрон дар шаҳрҳои Рай, Гелон, Табаристон, Исфаҳон, Шероз ва ғайра фаъолият доштанд, ки ба бофтани матоъҳои пашмӣ, абрешимӣ, алёфӣ (аз нахи чут), порчаҳои тақлидӣ аз Миср бо номи «дабиқӣ», порчаву матоъҳо бо тору пуди симину зарин, инчунин бо таҳияи ди­гар навъҳои матоъҳои мавриди ниёзи мардум машғул бу­данд. Дар мулки Форс бофти порчаву матоъҳои катонии олӣ бо шеваи мисрӣ, дар шаҳри Рай бофтани қабои ҳошиядор ва рах-рах, матоъҳои дупудӣ ва ғайра маъмул буд. Қазвин марказӣ тиҷорати матоъҳо буда, дар шаҳри Омул аз қадимулайём барои зину болопӯши асп порчаҳои махсус мебофтанд. Дар Са­марқанд порчаҳои симгун, нақшдор, абрешимӣ истеҳсол ме­карданд. Матоъҳо ва фаршҳои гуногуне, ки дар Хуҷанду Ис­таравшан ва Марв бофта мешуданд, шуҳрати зиёд доштанд. Коргоҳҳои абрешимбофии шаҳри Бухоро ба ҷуз порчаҳову ма­тоъҳои абрешимӣ карбосҳои навъи «занданеча», беқасабҳои гуногун, сандуф, сатин ва ғайраро бо завқу салиқаи мардуми Осиёи Марказӣ бофта, дар бозорҳои Шарқу Ғарб ба фурӯш мебароварданд. Бофтани дигар навъҳои карбос, алоча, чит, суф, қаламӣ, дока дар коргоҳҳои Бофандагии Осиёи Миёна ба ҳукми анъана даромада буд.

Баррасии масъалаи Бофандагӣ дар асрҳои миёна душвор аст, зеро нисбатан абрешимбофӣ аз 14-15 нуфузи зиёд пайдо кардааст, вале хусусиятҳои истеҳсолии онҳо чандон шарҳу баён нашудаанд. Муҳаққиқон мисоли муҳиммеро ироа намудаанд, ки мувофиқи он дар аҳди халифа Маъмун кор­гоҳҳои Бофандагии минтақаҳои гуногун чунин молиёт ба хазинаи хилофат месупоридаанд: Гелон 20 адад ҷома, Сиистон 300 қитъа матои навъи махсус, Табаристону Наҳованд 600 фарши табаристонӣ, 200 ҷома, 300 дастор (салла) Гургон 1000 қитъа порчаи абрешим, Хуросон 27 000 қитъаи абрешим ва ғайра. Аз ин молиёт маълум мегардад, ки Бофандагӣ дар истеҳсолоти моддии асрҳои миёна мақоми махсус ва яке аз ҷойгоҳҳои намоён доштааст.

Матоъ ва порчаҳое, ки дар Осиёи Миёнаву Эрон истеҳсол мешуданд, аз рӯйи хусусият, нақш, нафисӣ, ранг ва зебоӣ ба навъҳои зерин табақабандӣ шудаанд: 1) ма­тоъҳои бофти анъанавии сосонӣ; 2) порчаҳо ва матоъҳои хол-холии нисбатан сода, ки масрафи умумӣ доранд; 3) матоъҳо ва порчаҳои наққошишудаи рах-рахи гуногун, ки дар Хуросон навъи сафеду сиёҳи он, дар дигар маҳалҳо навъи як рахи паҳн бо як рахи тарҳдор истеҳсол ме­шуд; 4) матоъ ва порчаҳое, ки бо тарҳҳои баргӣ зинат дода шудаанд. Ин навъи матои гулдор бо тарҳҳои шабакавӣ, монанди хонаи занбӯр буда, бо рангҳои гуногун таҳия мешуд; 5) тарҳи матоъ ва порчаҳои хоначадор, ки бо хатҳои сода ва холҳои гуногун дар дохили шабака оро дода шуда, баъзан шабакаҳо шомили шаклҳои ҳандасӣ бо нақши тазайинӣ буданд. Ин нақшҳо ба наққошиҳои миниётурӣ монанд буда, хосси мактаби Бағдод ва тарҳ­ҳои баргшакл хосси мактаби мовароуннаҳрии ороиши матоъву порчаҳои абрешимӣ ва дигар матоъҳои гулдори ранга мебошанд; 6) матоъҳо, порчаҳо ва фаршҳое, ки дар онҳо акси гиёҳҳо, ҷонварон ва ҳатто инсонҳо инъикос мешуданд. Матоъҳои абрешимие низ истеҳсол мегардиданд, ки катиба доштанд. Аввалин катибае, ки дар матоъ пайдо шуд, «Ба орзуи саодат ва саломат» буд. Минбаъд катибаҳо ба шоҳону вазирон ва афроди баргузида бахши­да шуда, дар порчаву матоъ нақши фил, шер, шутур, парандагон ва дигар ҷонварон дар манзара инъикос мешу­данд. Дар Остона (наздикии Турфон) бостоншиносон матоеро пайдо кардаанд, ки дар он нақши дарахтҳои наҳл дар тарҳҳои доиравӣ инъикос ва ба шеваи марсуми сосонӣ бофта шудааст. Он заминаи қирмизӣ дошта, дар акс дарахт­ҳои наҳл бо рангҳои обӣ ва сафед оро дода шудаанд. Пор­чаи мазкур ҳоло дар музейи Британия нигахдорӣ мешавад. Матоъбофии суғдиён бо ҳунари порчабофии Эрон шеваи муштарак доштааст, вале абрешимбофии суғдиён ба тарзи Бофандагии чиниён наздиктар будааст.

Нигар низ Саноати сабук.

Р. Раҳмонӣ, М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …