Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҶИ СУДӢ

БОҶИ СУДӢ

bochi-sudiБОҶИ СУДӢ, навъи боҷ, иборат аз боҷи давлатӣ ва хароҷоти вобаста ба баррасии парванда, ки ҳангоми муроҷиат барои баррасии парвандаҳо дар судҳои Тоҷикистон аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пардохта мешавад. Андоза ва тартиби пардохти Боҷи судӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» муқаррар карда мешавад. Боҷи судӣ аз аризаҳои даъвоӣ, аризаҳо (шикоятҳо, шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ), ки ба судҳои Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, ситонида мешавад (мод­даи 3). Андозаи Боҷи судӣ барои баррасии парвандаҳо дар суд­ҳои Тоҷикистон: 1. Дар Суди конститутсионии Тоҷикис­тон: аз дархости шахсони воқеӣ – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; аз пешниҳоди мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ – ба ан­дозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо. 2. Дар судҳои юрисдиксияи умумӣ: а) аз аризаҳои даъвоии дорои хусусияти молумилкӣ – аз рӯйи нархи даъво: то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 3% аз нархи даъво; аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 2% аз нархи даъ­во; аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 0,7% аз нархи даъво; зиёда аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 0,5 % аз нархи даъво; б) аз аризаҳои даъвоии дорои хусусияти ғайримолумулкӣ, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешаванд: барои шахсони воқеӣ – 5% аз нишон­диҳанда барои ҳисобҳо; барои шахсони ҳуқуқӣ ба ан­дозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; в) аз ари­заҳои даъвоӣ дар бораи озод намудани амвол аз ҳабс Боҷи судӣ аз рӯйи нархи даъво мутобиқи банди 1 ҳамин қисм муайян карда мешавад; г) аз аризаҳои даъвоӣ оид ба бахсҳои пешазшартномавӣ – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо. 3. Дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: а) аз аризаҳои даъвоии дорои хусусияти молумилкӣ – 2 % аз нархи даъво; б) аз аризаҳои даъвоӣ оид ба бахсҳое, ки ҳангоми бастан, тағйир додан ё бекор кардани шартномаҳо ба амал меоянд ва оид ба бахсҳо дар бораи беэътибор донистани аҳдҳо – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобхо; в) аз аризаҳои даъвоӣ дар бораи (пурра ё қисман) беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ: барои шахсони воқеӣ ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; барои шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; г) аз аризаҳои даъвоии дигар, ки хусусия­ти молумулкӣ надоранд, аз ҷумла, аз аризаҳо дар бораи эътирофи ҳуқуқ, маҷбур намудан ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳо дар шакли асл – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобхо; ғ) аз аризаҳо дар бораи эътирофи муфлис гардидани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ: барои шахсони ҳуқуқӣ – ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; барои соҳибкорони инфиродӣ – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; д) аз аризаҳо дар бораи муқаррар намудани далелҳое, ки аҳаммияти ҳуқуқӣ доранд – ба андозаи секаратаи ни­шондиҳанда барои ҳисобхо; е) аз аризаҳо дар бораи ба парванда ворид гардидани шахсони сеюм, ки нисбат ба чизи мавриди баҳс талаботи мустақили худро пешниҳод менамояд, ки мутобиқи андозаи Боҷи судӣ, ки барои аризаи даъ­воии дороӣ хусусияти ғайримолумилкӣ пешбинӣ шудааст, нисбати баҳсҳои дорои хусусияти молумилкӣ – тибқи тар­тиби муқаррарнамудаи банди якуми ҳамин қисм, ки андо­заи маблағи баҳсшаванда барои шахсони сеюм ҳисоб кар­да мешавад; ё) аз шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ нис­бати ҳалнома ва қарорҳои суди иқтисодӣ ва ҳамчунин нисбати таъйинот дар бораи қатъ намудани истеҳсоли пар­ванда, бе баррасӣ мондани даъво, дар бораи таъйини ҷаримаҳои судӣ, радди додани варақаи иҷро – 50 % аз андозаи Боҷи судӣ, ки ҳангоми додани аризаи даъвоӣ ситонида мешавад. Барои аризаи даъвоие, ки ҳамзамон дорои хусусияти молумилкӣ ва ғайримолумилкӣ мебошад, дар як вақт ба­рои хардуи талабҳо дар алоҳидагӣ Боҷи судӣ ситонида мешавад.

Нархи даъво чунин муайян карда мешавад: бо даъво оид ба ситонидани маблағи пулӣ – бо дар назар доштани маблағҳои ситонидашаванда; бо даъво оид ба талаб карда гирифтани молу милк – бо дар назар доштани арзиши мо­лу милк; бо даъво оид ба ситонидани алимент – бо дар назар доштани маҷмӯи маблағҳо дар як сол; бо даъво оид ба пардохтҳои фаврӣ ва додани маблағ – бо дарназардошти маҷмӯи тамоми пардохтҳо ё додани маблағ, аммо ба муҳлати на бештар аз се сол; бо даъво оид ба пар­дохтҳо ва додани маблағи бемуҳлат ё якумрӣ – бо дарназардошти маҷмӯи пардохтҳо ё додани маблағ дар се сол; бо даъво оид ба кам ё зиёд кардани пардохтҳо ё додани маблағ – бо дар назар доштани маблағе, ки пардохт ё додани маблағ кам ё зиёд карда мешавад, аммо на бештар аз як сол; бо даъво оид ба қатъ кардани пардохт ё додани маблағ – бо дар назар доштани маҷмӯи маблағҳои боқимондаи пардохтҳо ва додани маблағ, аммо на бештар ба­рои як сол; бо даъво оид ба пеш аз муҳлат бекор кардани шартномаи кирояи молу милк – бо дар назар доштани маҷмӯи пардохтҳо барои истифодаи молу милк дар ҷараёни муҳлати боқимондаи амали шартнома, аммо на бештар аз се сол; даъво оид ба ҳуқуқ ба моликияти ғайриманқул, ки бо ҳуқуқи моликият ба шаҳрвандон тааллуқ дорад – бо дар назар доштани арзиши чиз, аммо на камтар аз арзиши инвентаризатсионӣ ва ҳангоми мавҷуд набудани он – на камтар аз нархи шартномаи суғурта ва ба­рои ашёи марбути ташкилот – на камтар аз арзиши тавозунии чиз; бо даъвои дорои якчанд талаботи мустақил – бо дар назар доштани ҳар як талабот дар алоҳидагӣ. Нархи даъворо даъвогар муайян мекунад. Дар сурати баръало мутобиқат надоштани нархи зикршуда ба арзи­ши воқеии молу милки талабшаванда нархи даъворо суд ҳангоми қабули аризаи даъвоӣ муайян менамояд ва дар ин хусус таъйинот қабул мекунад Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМГ ҶТ, моддаи 92).

Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои юрисдикси­яи умумӣ инҳо аз пардохти Боҷи судӣ озод карда мешаванд: шаҳрвандон – аз рӯйи даъвоҳои ситонидани маош (таъминоти пулӣ) ва дигар талаботе, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ бармеоянд; даъвогарон – аз рӯйи баҳсҳои муаллифӣ, муаллифон – тибқи даъвое, ки аз ҳуқуқи ҳаммуаллифӣ, ҳуқуқи ихтироъ, намунаи муфид, намунаҳои саноатӣ, инчунин аз дигар ҳуқуқҳо, ки аз моликияти зеҳнӣ бармеоянд; даъвогарон – аз рӯйи даъво дар бораи си­тонидани алимент; даъвогарон – аз рӯйи даъвоҳои ҷубронӣ зараре, ки дар натиҷаи маъюб шудан ё дигар зиён ба саломатӣ, инчунин фавти саробон расонида шудааст; мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва мақомоти таъмиии иҷтимоӣ – аз рӯйи даъвоҳои мутақобил (регрессӣ) аз зараррасон ситонидани маблағи кумакпулиҳо ва нафақа, ки ба ҷабрдида пардохта шудааст ва мақомоти таъминоти иҷтимоӣ инчунин аз рӯйи даъво дар бораи ситонидани кумакпулӣ ва нафақаи нодуруст пардохташуда; даъвогарон – аз рӯйи даъвоҳои талофӣ намудани зиёни моддии дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда; шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва парвандаҳо оид ба ситонидани алимент; тарафҳо аз шикояти кассатсионӣ оид ба парвандаи бекор кардани никоҳ; прокурор, мақомоти ҳокимияти дав­латӣ ва дигар мақомот, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳифзи манфиати давлат ва ҷамъият муроҷи­ат мекунад; мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун даъвогар аз рӯйи парвандаҳои ситонидани хароҷот доир ба ҷустуҷӯи шахсоне, ки аз пардохти алимент ва дигар пардохтҳо саркашӣ мекунанд, инчунин оид ба парвандаҳои ҷубронӣ хароҷоти иловагӣ ба пешгирии фирори гумонбаршудагон ва айбдоршавандагон, ки дар маҳбас нигоҳ дошта мешаванд, инчунин кофтукови онҳо ҳангоми табобат қасдан расонидани зиён ба саломатии худ; муассисаҳо ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ – тибқи даъвоҳои талофии хароҷоти иловагии вобаста ба пешгирии фирори маҳкумшудагони гумонбаргардида, айбдоршаванда, маҳкумшудагон ба маҳдудият аз озодӣ, ҳабс ё маҳрум аз озодӣ ва кофтукови онҳо, инчунин табобати онҳо ҳангоми ба саломатии худ қасдан зарар расонидан; мақомоти ан­доз, гумрук ва молия, Агентии давлатии бимаи (суғурта)-и иҷтимоӣ ва нафақа ва мақомоти назорати асъор ва содирот ҳамчун даъвогарону ҷавобгарон аз рӯйи даъ­воҳои ситонидани андозҳо, рӯёнидани кредитҳои давла­тӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва баргардонидани онҳо аз буҷет; мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки дар ҳолати пешбиннамудаи қонун барои ҳифзи манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ муроҷиат меку­нанд, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон, ки дар ҳолати пешбининамудан қонун барои ҳимояи ҳуқуқӣ ҳифзкунандаи қонун ва манфиатҳои шахсони дигар му­роҷиат мекунанд – дар сурати қонеъ гардонидани даъвои онҳо; шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – ҳангоми ба суд додани ариза дар мавриди батаъхирандозӣ ё дароз намудани муҳлати иҷрои қарорҳо оид ба тағйирёбии тарз ва тартиби иҷрои қарорҳо, барқарорсозии муҳлатҳои гузашта, аз нав баррасӣ намудани қарорҳо, таъйинот ва қарори суд оид ба ҳолатҳои нав ошкоршуда, дар хусуси аз нав бар­расӣ намудани қарори ғоибонаи суде, ки онро баровардаасг; шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – ҳангоми шикоятҳо аз рӯйи амалҳои иҷрокунандаи судӣ, инчунин шикоятҳо нисбат ба қарорҳо оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии аз ҷониби мақомоти ваколатдор баровардашуда; шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ — ҳангоми додани шикоят­ҳои хусусӣ нисбат ба таъйиноти суд, аз ҷумла оид ба таъмини даъво ё иваз намудани як навъи таъминот ба таъми­ноти дигар, оид ба қатъ ё боздоштани парвандаҳо, оид ба радди зиёд ё кам намудани ҳаҷми ҷаримае, ки суд таъйин намудааст; шаҳрвандон – аз рӯйи шикоятҳои кассатсионӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятие, ки дурустии ситонидани зарари моддии дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда маври­ди баҳс қарор гирифтааст; шаҳрвандон – ҳангоми тасдиқи дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани ёрдампулиҳо ва нафақаҳои давлатӣ заруранд, инчунин аз рӯйи парвандаҳои васоят ва писархонд (духтархонд) кар­дан; маъюбон, ширкатдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда – аз рӯйи даъвоҳои барқароркунии ҳуқуқҳояшон.

Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодӣ аз пардохти Боҷи судӣ инҳо озод карда мешаванд: прокурор, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳифзи манфиати давлатӣ ва ҷамъиятӣ муроҷиат мекунанд; мақомоти мо­лия, мақомоти андоз, гумрук, Агентии давлатии су­ғуртаи иҷтимоӣ, нафақа ва мақомоти назорати асъор ва содирот, ки ба сифати даъвогару ҷавобгар ширкат мекунанд – аз рӯйи даъвоҳои ситондани андозҳо, рӯёнидани кредитҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети дахлдор ва баргардонидани онҳо аз буҷети дахлдор, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақомоти мазкур тарафе мебошанд, ки пештар ба фоидаи онҳо қарор бароварда нашудааст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», моддаи 5).

Ба хароҷот оид ба баррасии парванда инҳо дохил меша­ванд: маблағе, ки бояд ба шоҳидон, коршиносони судӣ, мутахассисон ва тарҷумонҳо пардохта шавад; хароҷоте, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои хидматрасонии тарҷумон пардохтаанд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад; хароҷоти сафар ва истиқомати тарафҳо ва шахсони сеюм, ки вобаста ба ҳозир шу­дан ба суд сарф намудаанд; хароҷоти пардохти хидматрасонии намояндагон; хароҷот барои азназаргузаронӣ дар маҳал; ҷубронпулӣ барои сарфи воқеии вақт; хароҷоти поч­та вобаста ба баррасии парванда, ки тарафҳо пардохтаанд; хароҷоти нигахдории далели шайъӣ; дигар хароҷоте, ки суд эътироф намудааст (Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 95).

Адабиёт: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ». Душанбе, 2004; Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2008.

Д. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …