Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҶИ ГУМРУКӢ

БОҶИ ГУМРУКӢ

tamoz_poshlinaБОҶИ ГУМРУКӢ, дар ҳуқуқ, пардохти ҳатмие, ки аз тарафи мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба ҳудуди гумрукии ҷумҳурӣ ворид кардани мол ва содир намудани мол аз ин ҳудуд ситонида мешавад ва шарти ногузири чунин воридоту содирот мебошад. Ас­лан Боҷи гумрукӣ ҳангоми декларатсия кардани мол дар низомҳои гумрукӣ тибқи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад. Аидоза (ставка)-ҳои Боҷи гумрукӣро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд ва мувофиқи моддаи 4 Кодекси мазкур эътибор пайдо мекунад, Андозаҳои Боҷи гумрукӣ аз рӯйи таъйиноти худ ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: адвалорӣ, махсус ва омехта.

Боҷи адвалорӣ як навъи Боҷи гумрукӣ аст, ки ба арзиши гумрукии моли мавриди андозбандӣ қароргирифта бо фоиз ҳисоб карда мешавад. Боҷи махсус тибқи ҳаҷми муқарраршудаи воҳиди моли мавриди андозбандӣ қароргириф­та ҳисоб карда мешавад. Боҷи омехта ҳар ду навъи дар боло зикршударо дар бар мегиранд. (моддаҳои 341, 342 Ко­декси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои танзими фаъолияти тиҷорати хориҷӣ Боҷи гумрукии мавсимӣ муқаррар намояд. Дар ин ҳолат ставкаҳои Боҷи гумрукии муқаррарнамудаи тарифи гум­рукӣ истифода карда намешаванд. Муҳлати амали Боҷи гумрукии мавсимӣ дар як сол аз шаш моҳ зиёд буда наметавонад (моддаи 343 Кодекси гумрук). Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Тоҷикистон нисбат ба моли воридотӣ мумкин аст муваққатан боҷҳои хосси гумрукӣ: махсус, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ истифода кар­да шаванд. Боҷи гумрукии махсус ба сифати тадбири муҳофизатӣ дар ҳолате истифода мешавад, ки агар мол ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон ба чунин миқдор ё шартҳое ворид шавад, ки тавонад ба истеҳсолкунандагони ватании моли шабеҳ ва ё моли бевосита рақобаткунанда зарар расонад ё таҳдиди зарар расонидан намояд. Инчунин ҳамчун тадбири ҷавобӣ ба амалҳои табъизӣ (дискриминатсионӣ) ва амалҳои дигари баъзе кишварҳо ё иттиҳодияҳои онҳо, ки манфиати Тоҷикистонро халалдор менамоянд, истифода мешавад. Боҷи зиддидемпингӣ дар сурати ворид намудани мол ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон бо нархи нисбат ба нархи гумрукии миёнаи омории дар киш­вари содиркунанда дар лаҳзаи воридот ниҳоят пасттар, агар чунин воридот ба истеҳсолкунандагони дохилии мо­ли шабеҳ зарари моддӣ расонад ё таҳдиди зарар расондан намояд ё ба ташкил ва ё ба бештар истеҳсол намудани чу­нин мол дар Тоҷикистон мумониат кунад, истифода мегарданд. Боҷи ҷубронӣ дар сурати ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон ворид намудани моле, ки ҳангоми истеҳсол ё содир кардани он бевосита ё бавосита аз субсидия исти­фода шудааст ва агар чунин воридот ба истеҳсолкунан­дагони ватании моли шабеҳ зарари моддӣ расонад, ё таҳ­диди зарар расондан намояд ё ба ташкил ва ё ба истеҳсоли бештари моли шабеҳ дар Тоҷикистон мумониат кунад, истифода бурда мешавад (моддаи 344 Кодекси гумрук). Боҷҳои махсус, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда мешаванд, тибқи қоидаҳои пешбининамудаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ситонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ пардохта мешаванд.

Адабиёт: Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2004; Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе, 2009.

Д. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …