Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОЧЧОНИ (Boccioni) Умберто

БОЧЧОНИ (Boccioni) Умберто

umberto-boccioniБОЧЧОНИ (Boccioni) Умберто (19.10.1882-17.8.1916), рассом ва ҳайкалтароши итолиёӣ, яке аз пешвоёни футу­ризм. Дар авоили асри 20 ба символизм майл намуд («Саворагони Апокалипсис», 1908). Баъдтар ҷойи образҳои издиҳоми пурғавғоро («Шаҳри ба боло қоматафрохта», 1910-11) шаклҳои нимхаёлии «нерӯи тоза» («Динамизми футболбоз», 1913) гирифтанд, ки ин ба ҳайкалтарошии Боччони низ хос аст («Шаклҳои беҳамтои пайдарҳамӣ дар фазо» 1913, биринҷӣ). Соли 1914 китоби «Рассомӣ, муҷассамасозии футуристон»-ро ба табъ расонд.

Адабиёт: Бобринская Е. А. Футуризм. Москва,  2000; Новая российская эн­циклопедия. Т. III (1). Москва,  2007.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …