Маълумоти охирин

БОЪ

БОЪ, қулоч, воҳиди қадимии дарозӣ, фосилаи байни ду дасти кушодаи марди миёнақомат аз нӯки ангӯштони ми­ёна. Дар маъхазҳои форсӣ ба шакли «боз», «боза», «бож» ва «вишмор» («вишмори шоҳӣ», «вишмори шопурӣ») низ омадааст. Дар китобҳои фиқҳӣ Боъ чун воҳиди масофа аст (1 фарсах = 3 мил; 1 мил = 1000 Боъ).

То ислом арабҳо Боъро баробари 4 зироъ ё 8 ваҷаб ё 96 ангушт ба кор мебурданд. Ҳар ваҷаб баробари 12 ангушт, ҳар ангушт баробари 1,925 см буд ва дар натиҷа Боъ бароба­ри 184,8 сантиметр мешавад. Дар Мисри асримиёнагӣ Боъ чун ченаки расмии дарозӣ баробари 4 зироъ истифода шуда, дар асоси «зирои шаръӣ» (49,875 сантиметр) ё «зирои барид» (49,875 сантиметр) ба 184,8 сантиметр, «зирои наҷҷорӣ» (77,5 сантиметр) ба 310 сантиметр, «зи­рои шоҳӣ» (66,199 сантиметр) ба 264,8 сантиметр баробар  буд. Арабҳо барои андозагирии дақиқ ченаки баробари Боъ – «қома»-ро ис­тифода мекарданд (1 кома = 2 қадам = 4 зироъ). Дар Эрони бостон Боъро «ораши бузург» ё «шоҳораш» меномиданд. Ченакҳои ба Боъ мушобеҳ «фатом»-и англисӣ (182,88 сантиметр), «туаз»-и фаронсавӣ (194,9 сантиметр), «оргия»-и юнонӣ (185,1 сантиметр) ва «маховая сажень»-и русӣ (177,8 сантиметр) мебошанд.

М. Халов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …