Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОҶУРӢ Биҷурӣ, Шайх Иброҳим Муҳаммад

БОҶУРӢ Биҷурӣ, Шайх Иброҳим Муҳаммад

imagesБОҶУРӢ Биҷурӣ, Шайх Иброҳим Муҳаммад ибни Аҳмади Боҷурӣ (1783-1860), донишманд ва нависандаи араб (Миср). Китоби Қуръонро дар зодгоҳаш деҳаи Боҷури Миср, назди падараш аз худ намуда, солҳои 1797- 98 дар Донишгоҳи ал-Азҳар таҳсил кардааст. Муддате ба Ҷазира баргаштааст. Дубора ба донишгоҳи ал-Аҳзар омада, таҳсилро идома додааст. Баъди хатми донишгоҳ мударрис шуд. Соли 1846 раёсати Ҷомеъу-л-Аҳзар ба зиммаи Боҷурӣ гузошта шуд. Дар баробари масъулияти вазифаҳои раёсат Боҷурӣ ҳамзамон ба тадрис машғул буд. Ҳатто ҳокимон (Аббоспошо) ва дигар ашхоси маъруфи замон дар дарсҳои ӯ иштирок мекардаанд. Зиёда аз 16 асари гуногуни илмиро ҳошиябандӣ кардааст. Дар тули фаъолияти илмӣ-эҷодияш асарҳои зеринро таълиф намудааст: «ат-Туҳфату-л-хайрия», ҳошияест ба китоби «ал-Фавоиду-л-шаншурия» («Фароизу-л-мазоҳиби-л-арбаъа» соли таълифаш, 1820), «Туҳфату-л-мурид ало ҷавоҳири-т-тавҳид».

Ф. Маҳмадуллоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …