Маълумоти охирин
Главная / Биология / Бемории ШИРИНЧА

Бемории ШИРИНЧА

shirincha-b

ШИРИНЧА, як навъ бемории пустро гуянд, ки аз таъсири ангезандаҳо (бактерия, дору, хурок ва ғ.) дар кудакони хурдсол пайдо мешавад. Ҳангоми Ш. пуст, луобпарда, ғадудҳои лимфавӣ иллат ёфта, дар қисми муйноки cap, абру, рӯй, ҳасба, обила ва ғ. зоҳир мешавад. Аломатҳои аввалини Ш. дар давраи навзодӣ паидо шуда, дар 2—3-моҳагӣ (махсусан дар нимаи дуюми сол) авҷ, мегиранд. Кудакони гирифтори Ш. бештар зуком, бронхит, зиқи нафас, газаки шуш (пневмония), пиелит мегарданд. Дар 3—5 солагӣ аломатҳои Ш. кам мешаванд. Пешгириӣ ва нигоҳубини бемор: риоя намудани низоми руз, хурок ва беҳдошти кудак, сайру гашт дар ҳавои тоза ва ғ.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …