Маълумоти охирин
Главная / Илм / АБУЛМУЗАФФАР БАРҒАШӢ

АБУЛМУЗАФФАР БАРҒАШӢ

АБУЛМУЗАФФАР БАРҒАШӢ Муҳаммад ибни Иброҳим (соли таваллуд номаъ­лум, вафот тақрибан 1029 – 30), вазири дар­бори Оли Сомон дар охири аҳди амир Нӯх ибни Мансур ва аввали салтанати амир Мансур ибни Нӯҳ. Пас аз қатли Абунаср ибни Абузайд, амир Абулмузаффар Барғаширо вазир таъин кард. Вай бо лаёқат ва кордониаш то поёни умри Нӯҳ ибни Мансур дар мақоми худ боқӣ монд. Пас аз марги Нӯҳ (997) ва аморати писараш Абулворис Мансур ибни Нӯҳ, Абулмузаффар Барғашӣ  ҳамчунон вазир буд. Дар натиҷаи зиддиятҳои дохилидарборӣ пас аз чанде вазорат ба Абулқосими Бармакӣ расид ва ба Абулмузаффар Барғашӣ дар Ҷузҷон мансаб доданд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …