Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Баҳри Норвег

Баҳри Норвег

Норвег (Баҳри Норвег), баҳри канории уқёнуси Яхбастаи Шимолиро гӯянд, ки дар байни нимҷазираи Скандинавия ва ҷазираҳои Шетленд, Фарер, Исландия, Ян-Майен, Медвежий воқеъ гаштааст. Масоҳаташ- 1383 ҳазор км2. Чуқуриаш то 3734 м. Норвегро аз уқёнуси Атлантик қаторкӯҳҳои зериобӣ ҷудо ме­кунад. Аз таъсири ҷараёни гарми Норвег оби баҳр ях намебандад. Ҳарорати оби баҳр феврал аз 2 то 7° С, август аз 8 то 12° С. Шӯриаш 34—35,2%о. Маддаш нимшаборӯзӣ (то 3,3 м). Баҳр аз моҳи (равғанмоҳӣ, шурмоҳӣ) бой аст. Бандарҳои калонаш: Тронхейм, Тромсё, Нарвик (Норве­гия).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …