Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Броз Тито Иосип

Броз Тито Иосип

tito

ТИТО, Броз Тито (Вгоz Тito) Иосип (25. 5. 1892, Кумровец, Хорватия—1982, Белград), ходими ҳаракати коргарии Югославия ва байналхалқӣ, раиси Иттифоқи коммунистони Югославия (ИКЮ; 1966—80) (1940—52 Котиби генералии Комитети Марказии Партияи коммунистӣ, 1952—66 котиби генералии ИКЮ), президенти Югославия (1953—80), раиси Президиуми Республикаи Социалистии Федеративии Югославия (РСФЮ, аз 1971), маршал (1943), се карат Қаҳрамони Халқии Югославия (1944, 1972, 1977), Қаҳрамони Меҳнати Социалистии Югославия (1950).

Дар давраи Ҷанги халқию озодихоҳии Югославия (1941—45) Т. Сарфармондеҳи олии Армияи халқии озодихоҳӣ ва отрядҳои партизании Югославия буд. Ноябри 1943 раиси Комитети миллии озодкунни Югославия. Солҳои 1945—46 раиси Ҳукумати муваққатӣ, вазири мудофиа ва Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Югославияи демократии федеративӣ, 1946—53 раиси Совети Вазирони Республикаи Халқии Федеративии Югославия (РХФЮ), 1953—63 раиси Вечаи иҷроияи иттифоқии («ҳукумати) РХФЮ. Бо ордеиҳои бисёри Югославия ва орденҳои советӣ, аз ҷумла ордени Ленин, ордени «Ғалаба», ордени Суворов (дараҷаи 1) ва як қатор орденҳои мамлакатҳои дигар мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …