Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷазираи САМОС

Ҷазираи САМОС

САМОС (Samos), ҷазираест дар баҳрт Эгей, дар галаҷазираи Спорадҳои Ҷанубӣ. Самосро гулӯгоҳи камбаре (2,4 км) аз нимҷазираи Осиёи Хурд ҷудо кардааст. Ҷазира территорияи Юнон мебошад. Аҳолиаш 70 ҳазор нафар (1971). Масоҳаташ 476 км2, Баландиаш то 1434 м. (кӯҳи Каркетофс). Релефи Самос кӯҳист. Асосан аз оҳаксанг ва ҷинсҳои кристаллӣ таркиб ёфтааст.

samos

Конҳои боксит ва мармар дорад. Нишебиҳоро буттаҳои ҳамешасабз ва дарахтони санавбар фаро гирифтаанд. Машғулияти аҳолӣ парвариши зироати субтропикист. Самос маркази винопазӣ аст. Бандари асосиаш — Самос. Самос яке аз марказҳои маданияти эгей мебошад. Музейҳои ҷазираи Самос дар шаҳрҳои Вати, Тигани ва наздикии Герай- он мавҷуданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …