Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷазираи САЙПАН

Ҷазираи САЙПАН

САЙПАН (Saipan), ҷазиран вулканӣ дар уқёнуси Ором, дар гурӯҳи ҷазираҳои Мариана. Масоҳаташ 181 км2. Аҳолиаш 10,5 ҳазор нафар (1971). Сайпан маркази маъмурии территорияест, ки он зери васояти ТДМ буда, ҷазираҳои Каролин, Маршалл ва Мариана (ғайр аз ҷазираҳои Гуам)-ро дар бар мегирад ва аз тарафи ИМА идора карда мешавад.

22_73699f

Дар Сайпан плантатсияҳои найшакар, маниок, дарахти норҷил, банан мавҷуданд. Ҷазираро соли 1521 Ф. Мегеллан кашф кардааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …