Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷазираи САХАЛИН

Ҷазираи САХАЛИН

САХАЛИН, ҷазираест дар соҳили шарқии Осиё, дар ҳайати вилояти Сахалини Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР. Аз Шимол ба.Ҷануб (аз дим.- Елизавета то дим. Крильон) ба масофаи 948 километр тӯл кашидааст. Бараш ба ҳисоби миёна тақрибан 100 километр. Масоҳ. 76,4 ҳазор километр2. Бо баҳрҳои Охота ва Япоп иҳота шудааст. Сахалинро аз материк гулугоҳ Тотор ва дар Ҷануб аз ҷазираи Хоккайдо (Япопия) гулугоҳи Лаперуз ҷудо кардаанд.

21155170584_2b5f3058cc_o

Соҳилҳои Сахалин нисбатан каҷу килеб, халиҷҳои калон — Анива ва Терпения, нимҷазираҳояш Шмидт, Терпения, Тонино-Алива ва Крилон. Соҳилҳои ноҳияҳои кӯҳӣ фарозанд. Релефи Сахалинро кӯҳҳои баландиашон миёнаю паст ва ҳамвориҳо (калонтаринашон Сахалини Шимолӣ) ташкил медиҳанд. Дар қисмҳои марказӣ ва ҷанубӣ, қад-қади соҳилҳо кӯҳҳои Сахалини Ғарбӣ ва Сахалини Шарқӣ (баландиаш то 1609 метр, кӯҳи Лопатин) воқеъ гаштаанд, ки онҳоро пастиҳои Тим-Поронай ва Сусунай аз ҳам ҷудо кардаанд. Аз сарватҳои зеризаминӣ нефту газ ва ангишт аҳамияти саноатӣ дорад. Дар Сахалин инчунин конҳои тилло, маъдани симоб ва ғайраҳо мавҷуданд. Иқлимаш муссонии мӯътадил. Ба Сахалин нисбат ба материк зимистони хунуки бештар сербориш ва тобистони салқину серборон хос аст. Соҳилҳои шарқиаш нисбат ба ғарбиаш хунуктаранд. Ҳарорати миёнаи январ дар қисми шимоли ҷазира аз —17,7 то — 24,5°Селсия, дар Ҷануб аз — 6,2 то — 12°Селсия. Дар Сахалин зимистон 5—7 моҳ ва тобистон ҳамагӣ 2—3 моҳ давом мекунад. Боришоти солона дар соҳилҳои ғарбӣ 600—850 миллиметр, дар қисмҳои миёна 500—750 миллиметр, дар шимоли Сахалин бештар аз 400 миллиметр, дар кӯҳҳо 1000—1200 миллиметр. Дарёҳои асосиаш: Тим ва Поропай. Олами ҳайвонот: хирс, рӯбоҳ, росомаха, са- мур, санҷоб, бурундуқ, гавазни шимолӣ, кабарга ва ғайра. Дар обҳои назди соҳилҳо ҳайвоноти баҳрӣ (сивуч, калан, гурбаи обӣ) зиндагӣ мекунанд. Дар бораи хоҷагӣ ва аҳолии Сахалин нигаред, низ Сахалин, вилоят.
Сахалинро дар асри 17 европоиён кашф кардаанд. Охири асри 18 баҳрнаварди франсавӣ Ж. Ф. Лаперуз ва аввали асри 19 адмирали рус И. Ф. Крузейштерн Сахалинро омӯхтанд. Солҳои 1848—49 экспе- дисияи Г. И. Невелский ҷазира будани Сахалинро муқаррар намуд. Мувофиқи шартномаи русу япон (1875) Сахалин мулки Россия дониста шуд. Аз солҳои 60 асри 19 ҳукумати подшоҳӣ ин ҷоро ба бадаргагоҳ табдил дод. Аз нимаи дуюми асри 19 русҳо ба тадқиқ ва аз худ кардани Сахалин шурӯъ намуданд. Соли 1890 Антон Павлович Чехов ба Сахалин омада буд. Баъди Ҷанги русу япон (1904—1905) мувофиқи шартномаи сулҳи Портсмут (1905) Сахалини Ҷанубӣ ба Япония гузашт. Соли 1909 дар территорияи Сахалини Шимолӣ вилояти Сахалин (марказаш шаҳри Александровск) ташкил ёфт. Солҳои 1918—1920 Сахалини Шимолиро гвардиячиёни сафсд ишғол карданд, с-ҳои 1920 —25 он дар зери истилоп Япония мбнда буд. Аз маи 1925 ба ҳайати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР гузашт. Августи 1945 қӯшунҳои советӣ Сахалини Ҷанубиро озод карданд ва дар асоси қарори конфереясияҳои Қрим ва Потсдам (1945; он ба Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР баргардонида шуд. Соли 1940 дар ҳайати кишвари Хабаровск вилояти Сахалини Ҷанубӣ таъсис ёфт. 2 январи 1947 вилояти мустақили Сахалип ташкил гардид, ки он ҷазираи Сахалин, галаҷазираи Курил, ҷазираҳои Мо- норон ва Тюленийра дар бар мегирад.

Инчунин кобед

САЯН

САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми …