Маълумоти охирин
Главная / M. A. (страница 4)

M. A.

Абдураҳмонова Фирӯза

Абдураҳмонова Фирӯза Муиновна (таваллуд 22. 5. 1970, Душанбе), акушер-гинеколог, доктори илмхои тиб (2002), профессор (2003). Хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1992). Ординатори клиникӣ ва ассис­тент (1992 – 94), аспирант (1994 – 97), ассистенти кафедраи акушерӣ ва ги­некологияи факултети педиатрӣ (1997-99), дотсент (1999 – 2002), профессор …

Муфассал »

Абдураҳмонов Шариф

Абдураҳмонов Шариф (1898, ҷамоати Кӯиқозиёни ноҳияи Конибо- дом – 10. 2. 1983, Қӯрғонтеппа), ҳо­дими ҳизбӣ ва давлатӣ, аз оилаи дехқон, яке аз иштирокчиёни фаъоли барқароркунии Ҳокимияти Советӣ дар Шимоли Тоҷикистон. Фаъоли­яти меҳнатии ӯ хеле бармаҳал оғоз ёфт. Солҳои 1915 – 25 ба ҳайси коргари корхонаи истеҳсоли нефти САНТО (ҳоло КИМ), …

Муфассал »

Абдураҳмонов Фуод

abdurahmonov-fuod

Абдураҳмонов Фуод Ҳасан- Углӣ (28. 4. 1915, Нуха – 15. 6. 1971, Боку), ҳайкалтароши озар, узви вобастаи Академияи Рассомии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (1949), Рассоми халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон  (1955), Ҳодими хиз- матнишондодаи санъати Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон. Хатмкардаи Академияи Рассомии Ленинград (1940). Фаъолияти эҷодиаш ҳанӯз дар солҳои …

Муфассал »

Абдураҳмонов Фозил

Абдураҳмонов Фозил (таваллдуаш 5. 12.1930, Конибодом), морфолог, док­тори илмҳои тиб (1968), профессор (1969), узви ҳақиқии Академиям илмҳои пе­дагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Рос­сия (2004), Аълочии мактаби олӣ ва Аълочии тандурустии СССР, Ходими шоистаи илм ва техникаи То­ҷикистон (1994). Хатмкардаи факултети муолиҷавии Институти давлатии табии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1952). …

Муфассал »

Абдураҳмонов Фаррух

Абдураҳмонов Фаррух Муинович (таваллудаш 8. 3. 1962, Душанбе), аку­шер-гинеколог, доктори илмҳои тиб (1997), профессор (2000). Хатмкардаи Ин­ститути давлатии таббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1984). Ординатори клиники (1984-1986), аспи­рант (1986 – 1989), ассистента кафедраи акушерӣ ва гинекологияи ҳамин донишгоҳ  (1989 – 1991), ассистент (1991 -2002) ва мудири кафедраи акушерӣ …

Муфассал »

Абдураҳмонов Урун

Абдураҳмонов Урун Қурбонович (1904 – 1980), яке аз аввалин муҳандисони бинокори тоҷик, узви аввалин садорати ИМ-и шӯравии Тоҷикистон (1936), Бинокори хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1959). Абдураҳмонов  роҳбари идораи лоиҳакашии «Тоҷик- госпроект» (аз январи 1938), ҷонишини раиси Госстройи РСС Тоҷикистон буд. Соли 1959 раиси садорати ИМ-и шӯравии Тоҷикистон ва соли 1961 узви …

Муфассал »

Абдураҳмонов Раҳматулло

Абдураҳмонов Раҳматулло Бозорович (таваллудаш 10. 07. 1948, деҳаи Муллошодии ноҳияи Ҳисор), наққоши тоҷик, Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1998). Хатмкардаи Омӯзишгохи ҷумҳуриявии рассомии Душанбе (1974) ва факултета таърихи Институти дав­латии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ғоибона, 1984). Муаллими Омӯзишгоҳи ҷумҳурияви рассомии ба номи М. Олимов (1974 -1980), наққоши Фонди бадеии …

Муфассал »

Абдураҳмонов Пӯлод

Абдураҳмонов Пӯлод (1927, деҳаи Субулоқи ноҳияи Файзобод – 2002, ҳамон ҷо), картошкапарвар, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971). Колхозчӣ (1944 – 1946), сардо­ри бригадаи картошкакорони колхози «50-солагии Октябр» ва совхози «Қалъаи Дашт-2» (1947-1984), хоҷагии «Хамза»-и ноҳияи Файзобод (1985 – 1990). Аз соли 1990 нафақагири шахсӣ. Бригада­аш ҳосили фаровони картошка (аз ҳар га …

Муфассал »

Абдураҳмонов Нозимчон

Абдураҳмонов Нозимчон (1904, Конибодом – 1994, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948), Устоди пахтаи Тоҷикистон (1959). Коргари артели ҳунармандии «Болшевик» (1928 – 29) ва Комбинати консервабарории шаҳри Конибодом (1930 – 1931), сардори бригадаи пахтакории колхози «Ленинград»-и ноҳияи Конибодом (1932 – 1968). Аз соли 1965 нафақагир. Бригадааш солиёни зиёд ҳосили …

Муфассал »

Абдураҳмонов Неъматҷон

Абдураҳмонов Неъматҷон (1905, Конибодом – 1985, Душанбе), Каҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957). Фаъолияти меҳнатиашро аз коргари корхонаи консерви Конибодом ва кони нефти САНТО (1924 -1931) оғоз намуда, дар Мактаби Ҳизби коммунистии Комитети Марказии ВКП (б) (шаҳри Москва) таҳсил кард (1931 – 1933). Минбаъд мудири шӯъбаи комитети Ҳизби коммунисти ноҳияи Кангурт, котиби …

Муфассал »