Маълумоти охирин
Главная / M. A. (страница 30)

M. A.

Петрянов—Соколов Игор

petryanov-sokolov-igor

Петрянов—Соколов Игор Ва­силевич (таваллудаш 18. 6.1907, деҳаи Бол­шая Якшени ҳозира вилояти Горкий), физику химики советӣ, акад. АФ СССР (1966; аъзо- корр. 1953), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971). Баъди хатми Университети давлатии Москва (1930) дар Институти физикаю химияи ба номи Л. Я. Кар­лов (аз соли 1908 мудири шӯъба) кор мекунад; дар як …

Муфассал »

Петрушёвский Иля Павлович

Петрушёвский Иля Павлович (22. 6. 1898, Киев—1977, Ленинград), шарқшиноси советӣ, мутахассиси таърихи асрҳои миёна ва нави Эрон, Закавказия ва Осиёи Миёна, доктори илми таърих (1941), профессори (1947). Соли 1926 факултетҳои таъриху филологияи университетҳои Харков ва Бокуро хатм намуда, дар Боку (1926—1931), Тбилиси (1931—1936) ва Ленинград (аз соли 1936) кор кардааст. …

Муфассал »

Петрушёвский Дмитрий Моисе­евич

petrushevskiy-dmitriy-moiseevich

Петрушёвский Дмитрий Моисе­евич (13. 9. 1863, деҳаи Кобриновои губ. Киев, ҳозира вилояти Черкас —12. 12. 1942, Қазон), муаррих-медиевисти рус (муҳаққиқи таърихи асрҳои миёнаи Европаи Ғарбӣ), акад. АФ ООСР (1929; аъзо-  корр. 1924), профессори хизматнишондода (1925). Соли 1886 Университети Киевро хатм намудааст. Дар Москва, Варшава, Петербург, Иваново ба муаллимӣ машғул буд. …

Муфассал »

Петрохимия

petroximiya

Петрохимия, як фасли петрографияро гӯянд, ки тарзи тақсимшавии элементҳои химиявиро дар таркиби Ҷинсҳои кӯҳии магмавӣ ва минерал­ҳои ҷинсофарин меомӯзад. Мафҳуми «Петрохимия»-ро соли 1944 олими советӣ А. П. Заваритский дар илм ҷорӣ кардааст. Петрохимия ҳамчун соҳаи мустақил дар заминаи илмҳои петрография ва хи­мия ба вуҷуд омадааст. Мавзӯи тадқиқи Петрохимия таркиби химиявии …

Муфассал »

Петрофизика

Петрофизика (аз юн. реtros — санг ва …физика), як соҳаи илми геология, ки хосиятщои физикии ҷинсҳои кӯҳиро дар алоқамандӣ бо таркиби минералӣ, структура ва таърихи пайдоиши онҳо тадқиқ мекунад. Мафҳуми «Петрофизика»-ро бори аввал геофизики РДГ Ф. Фрёлих дар илм ҷорӣ кардааст (1953). Петрофизика хосияти ҷинсҳои кӯҳиро бевосита дар саҳро бо …

Муфассал »

Петросян Тигран Вартанович

petrosyan-tigran-vartanovich

Петросян Тигран Вартанович (таваллудаш 17. 6. 1929, Тбилиси), шоҳмотбози советӣ, гроссмейстери СССР ва байналхалқӣ (1952), Устоди Хизматнишондодаи Спорт (1960), журна­лист, номзади илми фалсафа (1968), Чемпиони СССР (1959, 1961, 1969, 1975), ҷаҳон (1963—1966, баъди ғалаба бар М. М. Ботвинник ва 1966—1969, баъди ғалаба бар Б. В. Спасский). Дар ҳайати командаи яккачини …

Муфассал »

Петропаловский Борис Сер­геевич

petropalovskiy-boris-sergeevich

Петропаловский Борис Сер­геевич (26. 5. 1898, Курск — 6. 11. 1933, Ленинград), яке аз ташкилотчиён ва роҳбарони корҳои тадқиқотӣ оид ба техникаи ракетӣ дар ООСР. Аъзои КПСС аз соли 1920. Соли 1915 Корпуси кадетии ба номи Суворовро дар Варшава, сипас курси кӯтоҳмуддати Омӯзишгоҳи артиллерии ба номи Константиновро дар Петроград хатм …

Муфассал »

Петропавловски Камчатка

petropalovski-kamchatka

Петропавловски Камчатка (1822—1924 — бандари Петро­павловск), шаҳр, маркази вилояти.  Камчаткаи РСФСР. Дар соҳили шарқии нимҷазираи. Камчатка воқеъ аст. Бандар дар халиҷаки Авачаи уқёнуси Ором. Аҳолиаш 215 ҳазор нафар (1979). Дар солҳои сохтмони сотсиалистӣ Петропавловски Камчатка ба яке аз муҳимтарин марказҳои саноат ва нақлиёти Шарқи Дур табдил ёфт. Петропавловски Камчатка базаи …

Муфассал »

Петропавловск

petropalovsk

Петропавловск, шаҳр, марка­зи вилояти Қазоқистони Шимолии РСС Қазоқистон. Дар соҳили рости дарёи Ишим воқеъ гардидааст. Аз Петропавловск ба ҷиҳатти роҳи оҳан Селиноград — Қарағанда — Моинти — Чу мегузарад. Аҳолиаш 207 ҳазор нафар (1979). Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ ва коркарди металл (а- дҳои мошинсозӣ, муҳаррику механизмҳои гуногун, масолеҳи изолятсионӣ), саноати сабук …

Муфассал »

Петрология

petrologiya

Петрология (аз юн. рetros — санг ва …логия), илм оид ба пайдоиш, таркиб ва ҷойгиршавии ҷинсҳои кӯҳӣ. Петрология бо тектоника, минера­логия ва илми оид ба сарватҳои зеризаминӣ зич алоқаманд буда, ба инкишофи онҳо ҳисса мегузорад. Дар СССР қисме аз олимон (Ф. Ю. Левинсон-Лессинг, Д. С. Белянкин ва дигарон) чунин мешуморанд, …

Муфассал »