Маълумоти охирин
Главная / M. A. (страница 22)

M. A.

Абдузоҳири Котиб

Абдузоҳири Котиб (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттот ва хушнависи тоҷик (аввали асри 19). Аслан аз Хева. Осори классикони адабиёти форс- тоҷикро бо хати настаълиқи зебо китобат кардааст. «Ҳафт авранг»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (соли китобаташ 1811) аз ҷумлаи асарҳои китобатнамудаи Абдузоҳири Котиб мебошад.

Муфассал »

Абдуғаффоров Абдуқаҳҳор

Абдуғаффоров Абдуқаҳҳор (таваллудаш 12.2.1953, Ленинобод), иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1995), профессори (1996). Хатмкардаи УДТ (1975), Ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии ҳамин донишгоҳ (1975 – 1976), аспиранти Донишгоҳи давлатии Москва (1977-80), муаллими калон, дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсии УДТ (1981 – 1991), дотсент, муовини декани факултети иқтисодиёт (1992-1996), муди­ри кафедраи «Менеҷмент ва соҳибкорӣ»-и …

Муфассал »

Абдуғаффори Абдуҷаббор

Абдуғаффори Абдуҷаббор (Абдуҷабборов; таваллуд  11. 8. 1956, Конибодом), нависанда, тарҷумон ва драматурги тоҷик. Хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи давла­тии Ленинград (1979). Фаъолияташ чун рӯзноманигор дар газетаи «Вечерный Душанбе» оғоз ёфтааст. Хидмат дар Артиши Шуравӣ (1980-81). Муҳаррир, мудири шуъба, сармуҳаррири идораҳои гуногуни Телевизиони Ватании Т (1981-88), директори шуъбаи тоҷикистонии «Союзтеатр», директори генералӣ, …

Муфассал »

Абдувалӣ ибни Қозӣ Юсуф

Абдувалӣ ибни Қозӣ Юсуф (1461,Оббурдани Кӯҳистони Мастчоҳ- 1542, ҳамон ҷо), хаттот ва катибанависи тоҷик. Абдувалӣ шахси фозилу донишманд ва чанд муддат қозӣ ҳам будааст, вале бештар ҳамчун кандакори рӯисангии машҳур гардидааст. Дар катибаи санги рӯи қабраш ӯро чунин тавсиф кардаанд: «ҳокими шаръӣ, мақбули мулук ва салотин, имомулҳумом, сайидулҳукком, афзулулайём, мураббиюлфуқаро, …

Муфассал »

Абдувалиева Мавҷуда Муъминовна

Абдувалиева Мавҷуда Муъминовна (17. 10. 1924, шаҳри Хуҷанд) пе­дагог, профуссори (1994). Муаллими хизматнишондодаи мактабҳои РСС Тоҷикистон (1962). Хатмкардаи Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд (1943). Му­аллими Техникуми кооперативии шаҳр Хуҷанд (1943 – 1946), муаллим, нозири иттифоқи касабаи вилоятии омӯзгорон (1946 – 1947), муаллимаи мактаби миёна дар шаҳри Табошар (1947 – 1953), муаллима …

Муфассал »

Абдувалиев Андрей Ҳакимович

Абду Валиев Андрей Ҳакимович (таваллудвш 1966, шаҳри Душанбе), варзишгар (оид ба гурзпартоӣ). Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1987). Устоди шоистаи варзиши СССР. Чемпиони Бозиҳои Олимпӣ (Барселона, 1992), чемпиони дукаратаи ҷаҳон (Штутгарт, 1993; Гё­теборг, 1995), дорандаи Ҷоми ҷаҳон (Лондон, 1994), соҳиби медали нуқраи Бозиҳои иродаи нек (ШМА, 1990), чемпиони Спартакиадаи халқҳои …

Муфассал »

Абдулов Назарбек

Абдулов Назарбек (таваллудаш 23. 2. 1947, деҳаи Вомари ноҳияи Рӯшон), адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (2009). Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Институти давлатии педагогии Душанбе (1969). Омӯзгори фанни забони франсавӣ дар УДТ (1969 – 1979), тарҷумон дар Алҷазоир (1979 – 1983), мудири кафедраи забони лотинии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (1984 – …

Муфассал »

Абдол Султон

Абдол Султон, Абдумалик (таваллудаш номаълум – вафоташ 1580, Ҳисор), яке аз салотини Шайбониён, фарзанди Аб­дуллатифхон ва набераи Кӯкунчихон.Абдол Султон дар аҳди Искандархон (1561 – 1583) ҳокими Зомин будааст. Вай дар талошҳои худ барои касби тахту тоҷ аз рақибонаш шикаст хӯрда, ба Кӯҳистон ва аз он ҷо ба Ҳисори Шодмон рафт …

Муфассал »

Абдол

abdol

Абдол (аз арабӣ ҷойнишин, ивазкунанда, халифа), як зинаи силсилаи маротиби машоихи суфия, ки аз ҳафт тан орифони поку нексиришт иборатанд. Тибқи иттилои муҳаққиқи Эронӣ Абдулҳусайни Зарринкӯб, бузургони суфия, ки иборат аз 356 нафар мебошанд, аз рӯи мақому манзалати ишғолкардаашон дар маърифати тасаввуфӯ силсилаи маротиберо ташкил медиҳанд, ки дар он қутб …

Муфассал »

Абдол Бобо Алишоҳи Ироқӣ

Абдол Бобо Алишоҳи Ироқӣ (с.оли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 15). Бо номи Алиф Абдол машҳур буда, бо тахалллусаш «Мутеӣ» низ шеър месурудааст. Мувофиқи маълумоти Ризоқулихони Ҳидоят (тазкираи «Равзат-ус-сафо») Абдол шахси озодманиш буда, бо мансабдорон ва ҳукмронони замонаш душманӣ доштааст ва онҳоро сахт танқид мекардааст. Ашъораш, ки ба …

Муфассал »