Маълумоти охирин
Главная / Anonymous (страница 5)

Anonymous

САХТӢ

САХТӢ, муқовимати ҷисми сахтро ба фишор ё харошидан гӯянд. Сахтӣ собитаи физикӣ набуда, балки яқ навъ хосияти ҷисм аст, ки ҳам ба мустаҳкамию чандирияти малериал ва ҳам ба усули андозагирӣ вобаста аст. Дар минералогия Сахтӣро аз рӯи шкалаи Моос муайян мекунанд.

Муфассал »

Пӯсти САХТИЁН

САХТИЁН, пӯстест, ки бо моддаҳои таннидӣ (растанигӣ) даббоғӣ карда шудааст ва барои тайёр кардани рӯи пойафзол, муқоваи китобҳо ва ғайра истифода мебаранд. Сахтиёнро аз пӯсти гӯсфанду буз тайёр мекунанд. Рангаш, одатан, баланд мешавад. Дар Осиёи Хурд пайдо шудааст. Аз нимаи асри 18 дар Россия ва Европаи Ғарбӣ низ ба истеҳсоли …

Муфассал »

Деҳаи САХСИЁН

САХСИЁН, деҳаест дар Совети қишлоқи Гули- сурхи райони Ӯротеппа, вил. Ленин- обод. Терр. к-зи «Роҳи Ленпн». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 5 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 520 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ, магазин ва сартарошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва обчакорист. …

Муфассал »

САХОВАТ

САХОВАТ (арабӣ — кушодадастӣ, ҳимматбаландӣ, каримӣ), як навъ сифати ахлоқиест, ки истифодаи оқилонаю беғарази дороии шахсро нисбат ба дигарон ифода мекунад. Мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ дар афкори ахлоқии худ одамонро ба саховатмандӣ даъват намуда, образҳои намунавӣ (ба мисли Ҳотами Той) эҷод кардаанд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ Саховатро сабаби некномӣ ва са- …

Муфассал »

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои аз ҷиҳати оптикӣ фаъол (асосан қанд) муайян карда мешавад. Шартҳои ченкуниро дар Сахаметрия стандартӣ кунонида, шкалаи асбоби ченкунанда (сахариметр)-ро тавре дараҷабандӣ мекунанд, ки ғилаати маҳлул бо % ифода шавад. Рилзати қандро аз рӯи Шкалаи байналхалқии …

Муфассал »

САФӢ Мавлоно Ҳусайни Воизи Кошифӣ

САФӢ Мавлоно Фахруддин Алӣ ибни Ҳусайни Воизи Кошифӣ (1463, Сабзавор—1532, Ҳирот), адиби форс- тоҷик. Дар Самарқанд зиндагӣ кардааст. Аз соли 1504 дар масҷиди ҷомеи Ҳирот ба ҷои падараш воизӣ мекард. Соли 1531 ҳангоми муҳосираи Ҳирот аа тарафи Убайдуллоҳхон як сол маҳбус буд. Баъди озод шудан аз ҳабсхона ба Гурҷистон рафт. …

Муфассал »

САФӢ Абулъало Абдулмӯъмини Ҷорутӣ

САФӢ Абулъало Абдулмӯъмини Ҷорутӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнависи форс-тоҷик (асри 15). Дар Туркия умр ба сар бурдааст. Фарҳанги тафсири забони форсӣ бо номи «Маҷмӯа-ул-фурс» аз таълифоти ӯ мебошад.

Муфассал »

САФЪА

САФЪА (арабӣ), дар тибби қадим истилоҳест, ки сар (нӯг)-и пистони занҳоро ифода мекунад.

Муфассал »