Маълумоти охирин
Главная / Anonymous (страница 3)

Anonymous

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он як ва баъзан якчанд майитро дафн мекарданд; 2) осори меъморист, ки барои абадӣ гардонидани хотираи ин ё он шахс ба болои қабраш бунёд мекунанд. Сағонаро аз хишти пухта ё санг сохта бо кандакорӣ ва нақши …

Муфассал »

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози «Сағирдашт». Аз Деҳа то маркази район 75 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 625 нафар (1984), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, интернати давлатӣ, клуб, китобхона, шӯъбаи алоқа, касалхона, устохонаҳои либосдузӣ, дуредгарӣ ва оҳангарӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ чорводорист. …

Муфассал »

САЯН

САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми шимолии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тува ва қисми ғар- бии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Бурятия воқеъ гаштааст. Аз кӯҳҳои Олтои Шарқӣ, қаторкӯҳи Абакан ва Олатови Кузнеск (дар Ғарб) то кӯли Байкал (дар Шарқ) тӯл кашидааст. …

Муфассал »

САЯЛОН

САЯЛОН (арабӣ—ҷоришавӣ), дар тибби қадим истилоҳест, ки ҷорӣ шудани ҳар як моддаи моеъро ифода мекунад. Беист рехтани оби чашмро Саялони ашк ва аз бачадони занҳо рафтани рутубатро Саялони р а ҳ и м меноманд.

Муфассал »

САЪДУЛЛОЕВ Муллоҷон

САЪДУЛЛОЕВ Муллоҷон (1903, деҳаи Қаратоғ —1978, Душанбе), яке аз муборизони фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Аз оилаи оҳангар. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1925. Солҳои 1913—1918 батрак дар Қаратоғ 1918—1920 бофандаи даргоҳи бой. Соли 1921 …

Муфассал »

САЪДУДДИНИ ҲАММУӢ Муҳаммад ибни Ҷувайнӣ

САЪДУДДИНИ ҲАММУӢ Муҳаммад ибни Ҷувайнӣ (соли таваллуд номаълум — Вафот 1252), яке аз намояндагони машҳури тасаввуф (асри 13). Аз шогирдон ва пайравони Наҷмуддипи Кубро ва Ибни Арабӣ. Давраи ҷавониаш дар Ҷувайни Хуросон гузаштааст. Оид ба ҷараёни зиндагиаш дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти кофӣ наомадааст. «Латоиф-ут-тавҳид фӣ ғароиб-ит-тафрид», «Алмисбоҳ фӣ-т-тасаввуф», «Баҳор-ул-ғариб» асарҳои …

Муфассал »

САЪДУДДИНИ САЙДИ ҲИРАВӢ

САЪДУДДИНИ САЙДИ ҲИРАВӢ —(соли тавалуд номаълум —вафот 1364), шоири форс-тоҷик. Ҷараёни зиндагии Саъдуддини Сайди Ҳиравӣ чандон равшан нест. Бештар дар Исфаҳон зистааст. Қасидаҳояш дар сабки ироқӣ гуфта шудаанд. Бино ба маълумоти маъ- хазҳо девони Саъдуддини Сайди Ҳиравӣ аз 5000 байт иборат будааст, ки мутаассифона ҳанӯз дастраси аҳли илму адаб нагардидааст. …

Муфассал »