Маълумоти охирин
Главная / Anvar (страница 4)

Anvar

МИЛЬРЁЙС

milroys

МИЛЬРЁЙС (португ. milreis, ал mil — ҳазор ва rdis — рейс), воҳиди пули Бразилия ва Португалия, ки аз мобайнҳои асри 19 дар муомилот аст. Милрейс ба 1000 рейс баробар аст. Дар Бразилия соли 1942 ба крузейро ва дар Португалия аз соли 1911 ба эскудо иваз шудааст.

Муфассал »

МИЛЬ

mil

МИЛЬ Михаил Леоятьевич (22. 11. 1909, Иркутск —31. 1. 1970, Москва), олими советӣ, копструктори вертолётҳо, доктори илми техника (1945), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1966). Аъзои КПСС аз соли 1943. Пас аз хатми Институти авиационии Новочеркаск (1931) дар Институти марказии аэрогидродинамикии (ЦАГИ) ба номи Н. Б. Жуковский кор кард. Солҳои 1936—43 инженер …

Муфассал »

МИЛУОКИ

miluoki

МИЛУОКИ (Milwaukee), шаҳр ва бандарест дар шим. ШМА, дар шт. Висконсин. Аҳолиаш 666 ҳазор нафар бо атрофаш 1,4 млн нафар (1975). Дар соҳили гарбии кӯли Мичиган, дар ҷое, ки ба он дарёи Милуоки мерезад, воқеъ гаштааст. Калонтарин маркази саноатӣ ва тиҷоратии Висконсин ва қисми ғарбии минтақаи чорводории ширии ШМА. Соҳаҳои …

Муфассал »

МИЛТИҚ

miltik

МИЛТИҚ аслиҳаи оташфишонест, ки дар шикор ва кори ҳарбӣ истифода мешавад. Дар асри 12 арабҳо ихтироъ кардаанд. Дар аввал Милтиқ аз милан ба дастаи чӯбӣ шинондашудае иборат буд. Милтиқҳои қадимаро бо пилта оташ медоданд (аз ин рӯ, онҳоро халқ Милтиқҳои пилтагӣ меномнд). Асри 14 дар Европа Милтиқҳои суфта-мила ба вуҷуд …

Муфассал »

МИЛОНИТ

milonit

МИЛОНИТ (аз юн. mylon— осиёб), ҷинси кӯҳии резаю судашудаест, ки дар чокҳои тектоники аз ҳаракати массаи ҷинсҳо ба вуҷуд омадааст. Ҷинсҳои кӯҳӣ (гранит, гнейс, варақсангҳои кристаллӣ, кварцит ва ғ.) дар натиҷаи ҳаракат ва фишор соиш хӯрда, аввал реза-реза, баъд суда ва ниҳоят сахт мешаванд. Дар зери микроскоп дар байни массаи …

Муфассал »

МИЛОД

МИЛОД (ар. — рӯзи таваллуд, замони зоида шудан), замони нав, солшумории нав, тақвимест, ки аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон қабул кардаанд аз «таваллуди Исони афсонавӣ» cap мешавад. Дар ибтидои паҳншавии масеҳият ҳисобҳои гуногуни сол (тақвими Диоклетиан, тақвими «буньёди олам» ва ғ.) мавҷуд буданд, ки онҳо камбудиҳои ҷиддӣ доштанд. Дар асри 6 ба …

Муфассал »

МИЛЛЬ

mill

МИЛЛЬ (Mill) Ҷон Стюарт (20. 5. 1806, Лондон — 8. 5. 1873, Алипьон), файласуф, позитивист, иқтисодчӣ ва ходими ҷамъиятии аиглис. Ба ҷаҳонбинии Милль иқтисоди сиёсии Д. Ри­кардо, таълимоти утилитарии И. Бентам, фалсафаи (Беркли, Д. Юм, О. Конт, психологияи Д. Гартли ва Ҷеймс Милль таъсир кардааст. Ба ақидаи Милль ҳамаи дониш …

Муфассал »

МИЛЛИОНЩИКОВ

millionshikiv

МИЛЛИОНЩИКОВ Михаил Дмит­риевич (16. 1. 1913, Грозный —27. 5. 1973, Москва), олими советӣ ва ходи­ми ҷамъияти, мутахассиси механи­ка ва физикаи ама­лӣ, акад. АФ СССР (1962; аъзо-корр. 1953), ноиб-президенти АФ СССР (аз 1962), Қаҳpaмони Меҳнати Социалистӣ (1967). Аъзон КПСС аз соли 1947. Институти нефти Грозныйро хатм намуд (1932). Дар Институти авиационии …

Муфассал »

МИЛЛИКУНОНӢ

millikuni

МИЛЛИКУНОНӢ, аз моликияти хусусӣ ба моликияти давлатӣ табдил ёфтани замин, саноат, нақлиёт, алоқа, банкҳо ва ғ. Хусусияту мақсади Милликунонӣ ба сохти ҷамъиятии мамлакатҳо вобаста аст. Милликунонии капиталистӣ ислоҳоти буржуазӣ буда, давлати буржуазӣ корхонаю соҳаҳои истеҳсолотро аз соҳибонашон харида ме­гирад. Вай сохти капиталистиро ди­гар намекунад, баръакс шакли капитализми давлатию монополистро пурзӯр …

Муфассал »

МИЛЛИКЕН

milliken

МИЛЛИКЕН (Millikan) Роберт Друс (22.3.1868, Моррисон—19.12. 1953, Сан-Марино), физики америкоӣ. Соли 1891 коллеҷи Оберлин (Огайо)-ро хатм кард. Унвони доктортро дар Университети Колумбия гирифт (1895). Солҳои 1895—96 дар университетҳои Берлин ва Гёттинген ва аз соли 1896 Дар Университети Чикаго кор кард. Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18) ҷонишини раиси Шӯрои тадқиқотии маллӣ …

Муфассал »