Маълумоти охирин
Главная / Anvar (страница 10)

Anvar

«МИЁНХОНА»

«МИЁНХОНА», миёнхат, қисмати мусиқист, ки дар шӯъбаи мақомҳо, оҳангу сурудҳои мукаммали халқӣ (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) истифода мешавад. Аслан дар байни усул омада, вазифаи «нақарот»-ро иҷро мекунад. Миёнхона одатан дар регистр (парда)-ҳои миёна вохӯрда, ҳангоми сурудан бо як ё ду мисраи шеър инро карда мешавад, Т. Шаҳобов.

Муфассал »

МИЁНДАРА

chashma

МИЁНДАРА, чашмаи минералии карбонатдор дар райони Ванҷ. 55 км шарҳтар аз посёлкаи Ванҷ, дар сои Миёндара воқеъ аст. Дебиташ 1 л/сов. Ҳарораташ об 8° С. Таркибаш намакҳои кислотаи карбонат ва силикат, инчунин бор, оҳан ва ба миқдори кам мис, рӯҳ, никел, стронций ва ғ. дорад. Оби Миёндараро хамчун нӯшокии табобатӣ …

Муфассал »

МИЁНАРАВӢ

miyonarav

МИЁНАРАВӢ, дар ҳуқуқи байналхалқӣ яке аз воситаҳои ҳалли мусолиматомези (хушӣ бо хушӣ) баҳсҳои байни давлатҳо бо роҳи гуфтушуниди онҳо бо иштироки давлати сеюм (миёнарав) ва дар асоси так­лифҳое, ки давлати сеюм пешниҳод менамояд. Қоидаҳои Миёнаравиро конвенцияҳои Гаага (солҳои 1899 ва 1907) ва Устави ТДМ (мод. 33) муайян ва муқаррар кардаанд. …

Муфассал »

МИЕЛИТ

mielit

МИЕЛИТ (аз юн. myelos — ҳароммағз), илтиҳоби ҳароммағз. Меилит ду хел мешавад: Меилити аввалӣ ва сонӣ. Меилити аввалиро вирусҳои гуногуни нейротропӣ ба вуҷуд меоранд; Меилити сонӣ аз процессҳои сироятию аллергӣ, ҷароҳат ва ғ. cap мезанад. Ҳангоми Меилит аксар пардаҳои ҳароммағз ва решачаҳои асаб зарар мебинанд. Меилити аввалӣ хеле тез инкишоф …

Муфассал »

«МИДОД-УЛ-ХАТ»

«МИДОД-УЛ-ХАТ» (намунаҳои хат), асари Миралии Ҳиҷравӣ, ки ба забони форси-тоҷикӣ таълиф шудааст. Дар хусуси хат, номҳои устодони хушнавис, қоидаҳои навиштан, тарзи тайёр намудани ранг ва воситаҳои китобату навъҳои ҳарфҳо баҳс мекунад. Таърихи таълифи асарро баъди солҳои 1518—19 ҳисобидаанд. Рисола аз муқаддима ва 5 боб иборат аст. Боби 1-ум дар бораи …

Муфассал »

МИДИЯ

midiya

МИДИЯ (My til us), як ҷинси нармбаданҳои дутабақа. Дарозиаш то 20 см аст. Бо ёрии пойҳояш ба предметҳои зериобӣ часпида инкишоф меёбад. Дар мантияаш об гардиш карда, ба нафаскашӣ ва ғизогирӣ кӯмак мерасонад. Мидия калон дар як шаборӯз то 70 л обро аз мантияи худ гузаронда ме­тавонад. Ғизo дар ин …

Муфассал »

МИДЕНШОР

МИДЕНШОР, деҳа, маркази С. қ Поршневи райони Шуғнони ВАБК. Терр. совхози ба номи Ш. Шотемуров. Аз Миденшор то маркази район 15 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 875 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миё­на, омӯзишгоҳи мусиқии бачагона, хонаи пионерон, клуб, китобхона, шӯъбаи алоқа, ошхона, комб. хизма­ти маишӣ (цехҳои дӯзандагӣ, дуредгарӣ ва тунукасозӣ) …

Муфассал »

МИГРАЦИЯИ АҲОЛӢ

migraciyai-aholi

МИГРАЦИЯИ АҲОЛӢ, муҳоҷи­рати аҳолӣ, аз як ҷо ба ҷои дигар кӯчидани аҳолӣ. Миграцияи аҳолӣ дохилӣ ва хориҷӣ мешавад. Дар дохили мамлакат ҷой иваз кардани аҳолиро Миграцияи аҳолии дохилӣ, муҳоҷирати одамонро аз як мамлакат ба мамлакати дигар ё аз як континент ба континенти дигар Миграцияи аҳолии хориҷӣ меноманд. Ба Миграцияи аҳолии …

Муфассал »

МИГРАЦИЯ

migraciya

МИГРАЦИЯ (лот. migratio, аз mic­ro — мекӯчам, ҷойиваз мекунам), 1. аз як ҷо ба ҷои дигар кӯчидани аҳолӣ; муҳоҷирати аҳолӣ (ниг. Миграцияи аҳолӣ). 2) Ба сабаби тағйир ёфтани шароити зиндагӣ ё бо мақсади гузаронидани давраи афзоиш аз як ҷо ба ҷои дигар кӯчидани ҳайвонот ва паррандаҳо (ниг. Кӯчи ҳайвонот). 3) …

Муфассал »

МИГДАЛ Аркадий Бейвусоввч

migdal

МИГДАЛ Аркадий Бейвусоввч (таваллуд 11. 3. 1911, Лида, ҳозира вилояти Гродно), физики советӣ, акад. АФ СССР (1966; аъзо- корр. 1953). Соли 1936 Университетти давлатии Ленинградро хатм намуд. Солҳои  1943—45 дар Институти проблемаҳои физикии АФ СССР, 1945—71 дар Ин­ститути энергияи атом кор кард; аз 1971 инҷониб дар Институ­ти физикаи назариявии АФ …

Муфассал »