Маълумоти охирин
Главная / anvarj63 (страница 4)

anvarj63

АБУСУУДИ КУРДӢ

АБУСУУДИ КУРДӢ ибни Муҳам­мада Инодӣ (1488 – 1575, Истанбул), шоир ва донишманди форс-тоҷик. Маълумоти ибтидоиро аз падараш дар Инодияи Курдистон гирифт. Силас барои идомаи таҳсил ба Ис­танбул рафт. Соли 1539 ба мансаби қозии аскар ва соли 1547 ба мансаби шайхулисломӣ расид. Абусууди Курдӣ дар баробари иҷрои корҳои давлатӣ оид ба …

Муфассал »

АБУСУЛАЙМОНИ МАНТИҚӢ

АБУСУЛАЙМОНИ МАНТИҚӢ Муҳаммад ибни Тоҳир Ибни Баҳроми Сиҷистонӣ (912, Систон – 985, Бағдод), олим, мантиқшинос ва файласуфи асри 10. Роҷеъ ба аҳволу осори ӯ шогирдонаш, аз ҷумла Абуҳайёни Тавҳидӣ ва Ибни Надим иттилоъ додаанд. Дар «Ал-Феҳрист» Ибни Надим дар ду маврид аз Абусулаймони Мантиқӣ ёд кардааст, вале таълимоти ӯ тавассути …

Муфассал »

АБУСИМБАЛ

abu_simbal

АБУСИМБАЛ – Шаҳр дар соҳили ғарбии дарёи Нил, ки дар он дар давраи ҳукмронии Рамзеси II (1388 – 1322 то милод) ду ибодатхонаи машҳури Мисри Қадим тарошида шудааст. Ибо­датхонаи калон ба шарафи худи шоҳ Рамзеси II, ибодатхонаи хурд ба ша­рафи зани якуми ӯ – малика Нофретари бино ёфтааст. Дар Абусимбал ҳайкалҳо …

Муфассал »

АБУСАҲЛИ САЪЛУКӢ

АБУСАҲЛИ САЪЛУКӢ Муҳам­мад ибни Сулаймон (906, Исфаҳон – 969, Нишопур), шоир ва донишманди форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш таҳсил намуда ба камол расидааст. Сипас барои давом додани таҳсил ба Бас­ра рафта, солҳои зиёде он ҷо зиндагӣ кардааст. Ба зодгоҳаш баргашт. Бо даъвати аҳли илму адаби Нишо­пур ба ин шаҳр кӯчид ва ба …

Муфассал »

АБУСАҲЛИ МАСЕҲӢ

АБУСАҲЛИ МАСЕҲӢ, Абусаҳл Исо ибни Яҳёи Масеҳии Ҷурҷонӣ (вафот тақрибан 1011), табиби муосири Абуалӣ ибни Сино. Аввал дар дарбори оли Маъмун дар Хоразм зиндагӣ ва фаъолият дошт. Абусаҳли Масеҳӣ устод ва дӯсти наздики Ибни Сино буда, дар Хоразм ҳамроҳ кор кардаанд. Ҳарду узви маҷлиси уламои Абулаббоси Маъмун буданд. Баъди истилои …

Муфассал »

АБУСАРРОҚА Абдурраҳмон ибни Аҳмади Балхӣ

АБУСАРРОҚА Абдурраҳмон ибни Аҳмади Балхӣ (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум), шоири форс-тоҷик (асри 11). Дар тазкираҳо аз ин шахс чун шоири до- ираи адабии Ғазнин ёд мешавад. Касби асосиаш шоири набудааст. Вай бо дуредгарӣ (наҷҷорӣ) рӯз мегузаронид. Ашъори нафису дилангез, равону сода ва ба оҳанги мусиқӣ созгор (суруд) доштааст. Дар …

Муфассал »

АБУСАЛИКИ ГУРГОНӢ

АБУСАЛИКИ ГУРГОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз аввалин шоирони форс-тоҷик (асри 9). Бино ба маълумоти «Таърихи Систон», ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ӯ дар давраи салтанати Саффориён ҷараён ёфтааст. Аз ашъори Абусалики Гургонӣ ҳамагӣ 10 байт дастрас гардидааст, ки мавзӯашон васфи ёр, панду насиҳат ва мадҳ мебошад. Дар ни …

Муфассал »

АБУСАИДХОН

АБУСАИДХОН (соли тавллуд номаълум – вафот 1533), хони Бухоро (1531 – 33). Аз сулолаи Шайбониён, фарзанди Кӯчкунҷухон. Ҳангоми хони Бухоро буданаш байни аҳли дарбор барои соҳиб шудан ба тахту тоҷ низоъҳои бисёре pyx дода буданд. Абусаидхон олими машҳури соҳаи тасаввуф ва муриди вазираш Офоқхоҷа буд.

Муфассал »

АБУСАЙИДИ СИҶЗӢ

АБУСАЙИДИ СИҶЗӢ ибни Му­ҳаммад ибни Абдуҷалил (тақрибан 951— 1024), муҳандис ва ҳайатшиноси Сиҷистонӣ. Асарҳои Абусайиди Сиҷзӣ бештар ба шаклсозиҳои геометрӣ, буришҳои махрутӣ (конусӣ), вобастагии гипер­бола ба асимптотаҳояш, трисексияи кунҷ, масъалаҳои нуҷум ва ба сохти афзори мунаҷҷимӣ бахшида шудаанд. Қариб 30 рисолаи Абусайиди Сиҷзӣ  то давраи мо расидааст, ки дар китобхонаҳои …

Муфассал »

АБУСАИДИ САНҶАРӢ

АБУСАИДИ САНҶАРӢ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абдуҷалил (соли таваллуд номаълум – ваф. 1036), ҳайатшинос ва риёзидони асри 10. Бо Аҳмад ибни Саффорӣ ва Иззуддавлаи Дайламӣ ҳамзамон буда, бо онҳо робитаи илмӣ доштааст. Аз осори боқии ӯ «Ҷомеи Шоҳӣ», «Таҳсил-ул-қавонин» («Тартиб додани қонунҳо»), «Зоиҷот-ул- кавокиб» («Зиҷи ситораҳо»), «Таҳсил- ул-қавонин-ил-ҳандаса ал-маҳдуда» («Ба …

Муфассал »