Маълумоти охирин
Главная / anvarj63 (страница 31)

anvarj63

МАДРАСАИ ТИЛЛОКОРӢ

МАДРАСАИ ТИЛЛОКОРӢ

МАДРАСАИ ТИЛЛОКОРӢ, ёдгории меъмории асри 17 дар Регистони Самарқанд (Ӯзбекистон), ки солҳои 1647—59 сохта шудааст. Намои асосии Мадрасаи тиллокорӣ, ки дар тарафи ҷануби Регистон аст, бо пештоқи равоқтоқдор, гулдаста до ва пешайвонҳои равоқбандии дуқабатааш мадрасаҳои анъанавии Бухороро ба хотир меоварад. Дар қафои намои асосӣ ҳуҷраҳои дуошьёна ва дар қаноти ғарбии …

Муфассал »

МАДРАСАИ ОЛЛОҲҚУЛИХОН

МАДРАСАИ ОЛЛОҲҚУЛИХОН

МАДРАСАИ ОЛЛОҲҚУЛИХОН, ёдгории меъмории асри 19 дар Хева. Солҳои 1834—39 дар қисми шарқии Ичанқалъа бино ёфтааст. Мадрасаи анъанавист: аз дарсхонаву масҷид ва силсилаи ҳуҷраҳо (дар гирдогирди ҳавлӣ) иборат аст. Азбаски дар Мадрасаи Оллоҳқулихон. Хева. Асри 19. ҷои баланд бунёд гардидааст, аз дигар биноҳои ҳамсоя боҳашамтар менамояд. Намои асосии Мадрасаи Оллоҳқулихон …

Муфассал »

МАДРАСАИ ОЙИМ

МАДРАСАИ МИРРАҶАБ ДОДХОҲ

МАДРАСАИ ОЙИМ, ёдгории меъморӣ дар сари роҳи қадимаи Патар (ҳоло работи колхози Москваи pайони Конибодом). Соли 1824—25 сохта шудааст. Бинои росткунҷаест бо ҳавлии дарунии атрофаш маҳкам. Дарозии намои иморат 36,5 м ва паҳлӯяш 39,5 м. Дар атрофи ҳавлии андозааш 17×20,5 м 25 ҳуҷраи гунбазпӯш ҷой гирифтааст. Вусъати ҳуҷраҳо 2,4 X …

Муфассал »

МАДРАСАИ НАВ

МАДРАСАИ НАВ

МАДРАСАИ НАВ, ёдгории меъмории асри 19 дар Ҳисор. Каме дуртар аз Қалъаи Ҳисор воқеъ гашта, аз хишти пухта бино ёфтааст. Танҳо намо ва хонаҳои ба он пайваст маҳфуз мондаанд. Мадраса дуқабата аст. Дар маркази намо пештоқ ва дар ду гӯшааш ду гулдаста ҷойгиранд. Қисмҳои ҳар ду тарафи даромадгоҳ будаи бино …

Муфассал »

МАДРАСАИ МОДАРИ ХОН

МАДРАСАИ МОДАРИ ХОН

МАДРАСАИ МОДАРИ ХОН, ёдгории меъмории асри 16 дар ш. Бухоро. Солҳои 1566—67 ба шарафи модари хони Бухоро Лбдуллоҳхони 11 сохта щудааст. Дар рӯбарӯи мадрасаи Абдуллоҳхон ҷойгир аст. Намои асосиашро пешггоқи калон, айвони дуқабата ва гулдастаҳо оро медиҳанд. Пештоқ ва гулдастаҳо бо хиштҳои сирдор, бағалаҳои байни тоқҳо бо кошӣ ва нақшҳои …

Муфассал »

МАДРАСАИ МИРРАҶАБ ДОДХОҲ

МАДРАСАИ МИРРАҶАБ ДОДХОҲ

МАДРАСАИ МИРРАҶАБ ДОДХОҲ, ёбдгории меъмории асри 17 дар мавзеи Ҷӯи Лабиҷар (Конибодом). Сохтмонаш солҳои 1659—60 анҷом ёфтааст. Ёдгорӣ дар баробари хусусиятҳои умумӣ доштан, ҷиҳатҳои хоси мактаби меъмории маҳаллиро низ таҷассум намудааст. Аз хишти пухта, дар ҷои барҳаво бино ефта, намои шимолиаш рӯ ба ҷониби роҳи калони шаҳр аст. Ин наморо …

Муфассал »

МАДРАСАИ МИРОЛИМ ДОДХОҲ

МАДРАСАИ МИРОЛИМ ДОДХОҲ

МАДРАСАИ МИРОЛИМ ДОДХОҲ, ёдгории меъмории асри 18 дар Панҷакент. Толори мураббаъшакл дошта, ноҳияи гунбази пиррадор пӯшида шудааст ва се тарафашро айвонҳои гунбазздор иҳота кардаанд. Меҳроби толор гаҷкориву муқарнаскорист. Изораи масҷид аз санг сохта шуда, эҳтимол боқимондаи бинои кӯҳнатаре бошад. Мадрасаи Миролим Додхоҳ аз типи масҷидҳои «гузарӣ» буда, намунааш дар меъмории …

Муфассал »

МАДРАСАИ МИРИ АРАБ

МАДРАСАИ МИРИ АРАБ

МАДРАСАИ МИРИ АРАБ, ёдгории меъмории асри 16 дар Бухоро. Дар рӯбарӯи Масҷиди Калон, бо саъйи шайх Абдуллоҳи Яманӣ (лақабаш Мири Араб, аз ин рӯ чунин ном гирифтааст) бино шуд. Сохтмонаш солҳои 1535—36 анҷом ёфт. Бандубасташ анъанавист — аз ду толори мӯҳташами гунбазпӯш (дарсхонаву масҷид), чор айвони барҳаво ва қатори ҳуҷраҳои …

Муфассал »

МАДРАСАИ КӮҲНА

МАДРАСАИ КӮҲНА

МАДРАСАИ КӮҲНА, ёдгории меъмории асри 18 ва аввали асри 19 дар ноҳияи Ҳисор. Дар самти ҷануби Қалъаи Ҳисор аз хишти пухта бино ёфтааст. Ҳавлии васеъ ва чоркунҷаи онро ҳуҷраҳои қатор иҳота кардаанд. Ҳуҷраҳо бо гунбазҳои «балхӣ» пӯшида шудаанд. Даромадгоҳи онҳо оддӣ ва тоқшакланд. Дар се кунҷи ҳавлӣ равоқтоқҳои панҷқира бино …

Муфассал »

МАДРАСАИ КӮКАЛТОШ ДАР ШАҲРИ ТОШКЕНТ

МАДРАСАИ КӮКАЛТОШ

МАДРАСАИ КӮКАЛТОШ, ёдгории меъморӣ дар Тошкент, Солҳои 50 асри 16 дар аҳди Бароқхон бнио ёфтааст. Дар қисми шаҳристон рӯ ба майдони Чорсу (ҳоло Охунбобоев) воқеъ аст. Ба Мадрасаи Кӯкалтош Бухоро қаробат доштанаш аp он шаҳодат медиҳад, ки дар сохтмони ин ансамбл меъморони бухороӣ иштирок доштаанд. Баландии умумии ин мадрасаи дуқабата …

Муфассал »