Маълумоти охирин
Главная / anvarj63 (страница 20)

anvarj63

АБУМАНСУРИ МУВАФФАҚ

nomalum

АБУМАНСУРИ МУВАФФАҚ иб­ни Алии Ҳиравӣ, табиб ва дорушиноси тоҷик (асри 11). Ном ва таълифо­ти Абумансури Муваффақро ҳеҷ як аз соҳибони осори асримиёнагӣ зикр накардаанд. Ягона маъхазе, ки аз он метавон лаҳзаҳои ҳаёти Абумансури Муваффақро арзёбӣ кард, асари ӯ «Ал-Абния ан хақоиқ-ил-адвия» аст. Он аз хусуси адвияи муфрада ва хасоиси онҳо …

Муфассал »

АБУМАНСУРИ БУХОРӢ

nomalum

АБУМАНСУРИ БУХОРӢ, Абу­мансур ибни Ҳасан ибни Нӯҳи Қамарии Бухорӣ (соли таввллуд номаълум – вафот 990), олими соҳаи тиб. Дар аҳди Со- мониён зиндагӣ кардааст. Оид ба тиббу табобат таълифоти бисёр до­рад: «Рисола андар илоҷи амрози садр» («Тарзу усулҳои муолиҷаи бемориҳои қафаси синаи), «Китобу ғино ва муно», «Маҷмӯаи кабир дар адвияи …

Муфассал »

АБУМАНСУР ЮСУФ ибни Исҳоқ

nomalum

АБУМАНСУР ЮСУФ ибни Исҳоқ (соли таваллуд номаълум – вафот тақрибан 976, Бухоро), вазири амирон Абдулмалик ибни Нӯҳ ва Мансур ибни Нӯҳ. Пас аз кушта шудани вазир Абучаъфари Утбӣ Абумансури Юсуф вазир таъин гардид ва то охири умри хеш вазир буд.

Муфассал »

АБУМАНСУР ҲУСАЙН ибни Тоҳир

АБУМАНСУР ҲУСАЙН ибни Тоҳир маъруф ба ибни Зайла (990, Исфаҳон – 1048, Ҳамадон), олим, нависанда ва мусиқишиноси форс- тоҷик. Илмҳои тиб, мусиқӣ, фалсафаро дар зодгоҳаш шаҳри Исфаҳон аз бар намуд. Аз шогирдони боистеъдоди Абуалии Сино буда, бисёр илмҳои замонашро аз ӯ омӯхтааст. Дар илмҳои риёзиёт, фалсафа, ҳадис ва тиб таълифоти …

Муфассал »

АБУМАНСУР Муҳаммад ибни Абдурраззоқ

АБУМАНСУР, Муҳаммад ибни Абдурраззоқ (соли таваллуд номаълум – вафот 963), ҳодими давлатии форс-тоҷик. Аз ашрофи шаҳри Туси Эрон. Муддате ҳокими ҳамин шаҳр буд. Солҳои 947 – 951 якчанд бор сипаҳсолори Хуросон таъин гардида, боз маъзул шудааст. Давраи нисбатан оромтари сипаҳсолории ӯ солҳои 951 – 963 мебошад. Абулянбағӣ ба таърихи куҳани …

Муфассал »

АБУЛЯНБАҒӢ Аббос ибни Тархон

АБУЛЯНБАҒӢ Аббос ибни Тархон (соли таваллуд  номаълум – вафот 844), шо­ири форс-тоҷик. Мувофиқи маълумо­ти сарчашмаҳо, Абулянбағӣ аз ҷумлаи аввалин шоиронест, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ шеър гуфтааст. Ӯ надими Барма- киён (хонадони қадими тоҷикон дар Балх) буда, бо забони арабӣ низ шеър эҷод мекардааст. Муаллифи китоби «ал-Масолик ва-л-мамолик» ибни Хурдодбеҳ, ки …

Муфассал »

АБУЛЪАЛОИ ШУШТАРӢ

nomalum

АБУЛЪАЛОИ ШУШТАРӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс- тоҷик (асри 10). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Шоирону адибони асрҳои 11 – 12 аз ӯ чун шоири забардасту тавоно ёд кардаанд. Масалан, Манучеҳрӣ Абулъалои Шуштариро дар як шеъраш аз ҷумлаи шоирони забардасти ахди Сомониён ном бурдааст. Абулъалои Шуштарӣ яке аз …

Муфассал »

АБУЛЪАЛОИ МААРРЙ Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Сулаймон

nomalum

АБУЛЪАЛОИ МААРРЙ Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Сулаймон (973, Маарра, Сурия – 1057), шоир ва файласуфи араб. Дар 4-солагӣ бар асари бемории обила нобино шуд. Аз 11-солагӣ ба шеър гуфтан оғоз кард. Дар назди падараш ва донишмандони дигар он замон илмҳои наҳву луғат, фиқҳ, таърих, фалсафа, калом, адёни ҷаҳон, ҳисобу нуҷум …

Муфассал »

АБУЛЪАЛОИ ГАНҶАВӢ

odami_nomalum

АБУЛЪАЛОИ ГАНҶАВӢ Низомудднн (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Пас аз таҳсили улум ва расидан ба синни камолот ба хидмати намояндан сулолаи Шервоншоҳиён Манучеҳр (ҳукмронии 1120 – 1150) омад ва чун сардафтари шоирони муҳити адабии Шервон унвони маликушшуарроро соҳиб гашт. Инчунин тазкиранависон аз ӯ чун устоди Хоқонии …

Муфассал »

АБУЛҲУСАЙН АҲМАД

nomalum

АБУЛҲУСАЙН АҲМАД ибни Ҳа­сан ибни Алӣ ибни Ҳасан машҳур ба Ҳасани Алавӣ (соли таваллуд ва вафот но­маълум), яке аз умарои Табаристон дар аҳди Сомониён. Абулҳусайн Аҳмад ба мисли бобояш Ҳасани Алавӣ ва Носири Ка- бир талош менамуд, ки Табаристонро аз Сомониён ҷудо кунад. Бо ин ҳадаф дар ибтидои асри 10 …

Муфассал »